Спринтерҳо аввалин шуда ба майдон баромаданд. Ғолиби даври ниҳоӣ муфаттиши прокуратураи ҳарбии Тошканд А.Ғафуров, ҷои дуюм ёрдамчии прокурори ҳарбии ноҳияи Навоӣ С.Шодмонов ва сеюм муовини сардори шуъбаи молияю иқтисодии раёсати дастгоҳ Э. Азимов шуданд.
Пойгаи яккилометрӣ бо рақобати шадиди худ низ дар хотир монд, ки дар он ғолибиятро корманди бахши робита бо ҷомеа ва иттилооти ҳуқуқии дастгоҳи идора Б.Собиров, дуюмро ёрдамчии прокурори ҳарбии ноҳияи Навоӣ С.Шодмонов ва сеюмро муфаттиши прокуратураи ҳарбии Намангон К. Эргашев ба даст оварданд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорон медалу дипломҳоро муовини якуми Прокурори ҳарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Холбоев супурд.
Дар ин бора тelegram-канали Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар дод.