Ҳарбиёни Ўзбекистон ва Қазоқистон машқҳои муштараки “Қалқон-2021”-ро баргузор менамоянд

    Сарҳади ҳарбӣ 2 Noyabr 2021 2118

    Дар гарнизони Гвардия машқҳои муштараки тактикию махсуси воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон «Қалқон-2021» оғоз ёфт.

    Дар рафти машқҳо хидматчиёни ҳарбии ҳар ду кишвар дар ҳайати отряди муттаҳидаи тактикӣ масъалаҳои ташкил ва баргузории амалиёти муштараки махсусро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати дифои Қазоқистон.

    Машқ ба такмил додани мураттабии ҳаракати мақомоти идоракунӣ ва зершуъбаҳо дар рафти ташкил ва баргузории амалиёти махсус, баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсии зершуъбаҳои таъиноти махсус, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ нигаронда шудааст.

    Машқҳои муштараки тактикию махсуси зершуъбаҳои таъиноти махсуси нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон ва Ӯзбекистон “Қалқон-2021” 5 ноябри соли ҷорӣ ба поён мерасад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates