СУТ: зиёда аз 40 варзишгар дар Бозиҳои олимпии Париж ба COVID-19 мубтало шуданд

    Тандурустӣ 7 Avgust 2024 1691

    Мария фон Керков, сухангӯи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) гуфт, беш аз 40 варзишгар, ки дар Олимпиадаи Париж ширкат мекунанд, ба коронавирус гирифтор шудаанд.

    Илова бар ин, дар саросари ҷаҳон шумораи мубталоён низ афзоиш меёбад, таъкид кард ӯ зимни брифинг дар Женева ва афзуд, ки беморӣ новобаста аз мавсим паҳн мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

    "Дар моҳҳои охир, новобаста аз мавсим, дар бисёр кишварҳо афзоиши ҳодисаҳои COVID-19 мушоҳида шудааст, аз ҷумла дар Олимпиада, ки дар он ҳадди аққал 40 варзишгар натиҷаи мусбати тестро гирифтанд" гуфт ӯ.

    Қаблан дар бораи бемориҳои зиёди рӯда дар Бозиҳои олимпӣ хабар дода шуда буд. Варзишгароне, ки бояд дар дарёи Сена шино мекарданд, аз сифати оби дарё шикоят карданд. Маълум аст, ки баъзе триатлончиён заҳролуд шуда, бемор шудаанд. Белгия ва Швейтсария расман эълон карданд, ки варзишгаронашон ба иллати сирояти рӯдаҳо аз мусобиқот даст мекашанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates