СУТ тавсия намедиҳад, ки дар бораи эмкунӣ бо доруҳои гуногун мустақилона қарор қабул карда шавад

    Муҳим 14 Iyul 2021 500

    Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки аз қабули қарорҳои мустақилона дар бораи эмгузаронии эҳтимолии зидди COVID-19 бо ваксинаҳои гуногун худдорӣ кунанд. Намояндаи расмии СУТ Кристиан Линдмейер рӯзи сешанбе дар брифинг дар Женева гуфт, ин масъаларо мақомоти ҳифзи сиҳати ҷамъиятӣ метавонанд дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоте, ки ҳанӯз ба анҷом нарасидаанд, ҳал кунанд.

    "Шахсони ҷудогона набояд [дар бораи эмкунӣ бо ваксинаҳои мухталиф] қарор қабул кунанд, инро мақомоти ҳифзи сиҳати ҷамъиятӣ метавонанд бар асоси маълумоти мавҷуда анҷом диҳанд" гуфт ӯ бо ишора ба андешаи сармутахассиси СУТ Суми Сваминатан. Тавре Линдмейер таъкид кард, дар айни ҳол "маълумот дар бораи аралаш ва омезиши ваксинаҳои гуногун интизор аст: ба иммуногенӣ ва бехатарӣ баҳо дода мешавад".

    Намояндаи расмӣ хотиррасон кард, ки дар моҳи май мутахассисони СУТ тавсияҳои муваққатиашонро оид ба ваксинаҳои ширкати амрикоии "Pfizer" нав карданд. Онҳо, аз ҷумла, барои истифодаи он ҳамчун вояи дуввуми ваксина пас аз додани дозаи аввал аз ҷониби ширкати бритониёиву шведии "AstraZeneca" иҷозат доданд. Ин тавсия ба ҳолатҳое, ки ваксинаи "AstraZeneca" барои вояи дуввум бинобар мушкилоти таъминот ё бо сабабҳои дигар нокифоя аст, намоён гардид.

    Тавре Линдмейер шарҳ дод, айни замон дар Донишгоҳи Оксфорд таҳқиқот оид ба оқибатҳои истифодаи "омехтаи" ваксинаҳои "Pfizer" ва "AstraZeneca" идома дорад. Ин тадқиқот ба наздикӣ васеъ карда шуд, ва акнун онҳо инчунин ваксинаҳои ширкатҳои ИМА "Moderna" ва "Novovax"-ро фаро мегиранд.

    "Натиҷаҳои пешакии озмоишҳои Донишгоҳи Оксфорд нишон доданд, ки одамоне, ки ваксинаҳои "AstraZeneca"-ро ҳамчун дозаи аввал гирифтаанд ва пас аз он ваксинаи "Pfizer" ва шарики олмонии он "BioNTech"-ро гирифтанд, эҳтимолияти баланд шудани ҳарорат ва сустиҳои дигар назар ба он, ки агар онҳо ҳарду дозаи ваксинаи "AstraZeneca" гирифта бошанд, доштанд, гуфт намояндаи расмии СУТ. Вай гуфт, ки ин таҳқиқот дар байни одамони синнашон 50 ва калонтар гузаронида шуданд. Таъсири манфӣ одатан якчанд рӯз давом кард ва ба беморхона ниёз надошт.

    Тавре ки сардори департаменти эмгузаронии СУТ Кит О'Брайен қаблан дар Женева гуфта буд, ташкилот тавсия медиҳад, ки эмкунӣ аз коронавирус бо ду вояи як ваксина анҷом дода шавад, зеро таъсири истифодаи ваксинаҳои гуногун ҳанӯз омӯхта нашудааст. "Тадқиқот идома дорад ва мо дар моҳҳои наздик маълумотро дар ин бора дастрас хоҳем кард", - гуфт ӯ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates