СУТ аз хатари зукоми парранда ба одамон ҳушдор дод

    Муҳим 13 Iyul 2023 4767

    Хуруҷи зукоми парандаҳои ахир на танҳо барои паррандагон, балки барои одамон низ хатар дорад. Дар ин бора дар баёнияи муштараки матбуотие, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Созмони ҷаҳонии саломатии ҳайвонот (СУҲСҲ) дар Женева паҳн кардаанд, ҳушдор дода шудааст.

    Сар задани зукоми парранда саршумори ҳайвонот, аз ҷумла паррандаҳои хонагӣ, паррандаҳои ёбоӣ ва баъзе ширхӯронро хароб карда, ба фермерон ва тиҷорати маъводи ғизо зарар расонд, хабар медиҳад ТАСС.

    "Дар ҳоле ки ин хуруҷҳо асосан ба ҳайвонот таъсир мерасонанд, онҳо барои одамон хатари доимӣ доранд" - гуфта мешавад дар гузориш.

    Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ФАО ва СУҲСҲ таваҷҷуҳро ба афзоиши шумораи сироятёбӣ дар ширхӯрон ҷалб карданд, ки онҳо "аз ҷиҳати биологӣ ба одамон нисбат ба паррандагон наздиктаранд" ва ин "нигарониҳоро ба вуҷуд меорад, ки вирус метавонад ба одамон осонтар мутобиқ шавад".

    Дар соли 2022 67 кишвари ҷаҳон ба Созмони ҷаҳонии саломатии ҳайвонот дар бораи хуруҷи шадиди патогенӣ дар байни паррандаҳои хонагӣ ва ёбоӣ хабар доданд. Дар айни замой дар фермаҳо дар раванди нобудкунӣ бештар аз 131 миллион cap мург нобуд шуданд ё нест карда шуданд. Дар соли 2023, боз 14 кишвар дар бораи хуруҷи зукоми паррандаи H5N1 - асосан дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ хабар доданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates