Тавсияҳои навшуда дар сомонаи созмон нашр шудаанд, хабар медиҳад РБК.
Дар он гуфта мешавад, ки кӯдакон ва наврасон COVID-19-ро нисбат ба калонсолон сабуктар мегузаронанд.
"Аз ин рӯ, агар онҳо ба гурӯҳи дорои хавфи шадиди COVID-19 дохил нашаванд, онҳо бояд нисбат ба пиронсолон, шахсони гирифтори бемориҳои доимӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ дертар эм карда шаванд", -- гуфта шудааст дар тавсияҳои СУТ.
Дар дастурҳои навшудаи СУТ гуфта шудааст, ки ба "кӯдакони аз 12 то 15-солаи гурӯҳи хатари баланд дар баробари дигар гурӯҳҳои афзалиятнок" ваксинае пешниҳод карда мешавад, ки онро ширкатҳои "Pfizer" ва "BionTech" истеҳсол кардаанд. Ин созмон ба натиҷаҳои Гурӯҳи коршиносони машваратии СУТ ишора мекунад, ки ваксинаи "Pfizer" барои наврасони аз 12 сола боло мувофиқ аст.
СУТ илова кард, ки озмоишҳои ваксинаҳо барои кӯдакон идома доранд ва созмон тавсияҳоро ҳангоми тақозои "далелҳо ё вазъи эпидемиологӣ" нав мекунад.