Фармонҳо ва қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи стратегии иқтисодиёт равона шудаанд, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа, васеъ намудани низоми бидуни раводид, иштирок дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалии сайёҳӣ боз ҳам ҷолибияти кишварамонро бештар месозанд.
Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ, васеъ кардани доираи хизматрасониҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, инчунин таҳкими мавқеи Ӯзбекистон ҳамчун як макони рақобатпазир ва ҷолиби сайёҳӣ дар миқёси ҷаҳон тавассути дастгирии сайёҳии экологӣ ва устувор идома дода шавад.









