Бор аввал дар Ӯзбекистон фурӯши нерӯи барқе, ки хонаводаҳо бо ёрии панелҳои офтобӣ ҳосил намудаанд, оғоз гардид

    Энергетика 3 Noyabr 2021 893

    Сокини ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд Расулов ​​Раҳимҷон  пас аз насби дастгоҳи хурди фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори 6 кВт дар манзилаш ба фурӯши барқи изофии аз дастгоҳи насбкардааш тавлидшуда ба ширкати минтақавии қувваи барқ шурӯъ намуд.

    Неругоҳи мазкур дар як сол аз 7 то 10 хазор киловатт-соат қувваи барқ ҳосил мекунад.

    Имрӯз, 3 ноябр, соҳиби хона ва шабакаҳои барқи шаҳри Тошканд ба шартнома “Дар бораи хариди нерӯи барқе, ки дар объектҳои хурди манбаъҳои барқароршавандаи энергия” тавлид карда мешаванд, имзо кард.

    Созишномаи мазкур ба хариди нерӯи барқ ​​аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ба истиснои нерӯгоҳҳои барқи обии микро ва хурд), ки иқтидори умумии муқарраршуда то 1 МВт (ҷараёни тағйирёбанда) мебошад, дахл дорад.

    Ҳамин тариқ, бар асоси шартномаи мазкур ҳоло нерӯи барқи дар ин хонавода тавлидшуда бо кафолати қаблан насбкардаи ширкати НОБ-и Тошканд харидорӣ мешавад.

    Қобили зикр аст, ки ин таҷриба тибқи «Низомнома дар бораи пайваст намудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои барқароршаванда ба низоми ягонаи қувваи барқ», ки бо қарори Девони Вазирон №ҚДВ-610 аз 22 июли соли 2019 тасдиқ шудааст, амалӣ гардонда мешавад.

    Бо ин хариди қувваи барқ аз ҷониби корхонаҳои шабакаҳои минтақавии электрикӣ мувофиқи тарифе, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон №ҚП-4779 аз 10 июли соли 2020 муқаррар шудааст, амалӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки фурӯши ҳамин гуна нерӯи барқ ​​ба шабакаи истифодаи умум тавассути ҳисобкунакҳои муосири электронӣ, ки дар доираи низоми Системаи автоматиконидашудаи ҳисобу китоби тиҷоратии қувваи барқ насб карда шудаанд, анҷом дода мешаванд.

    Барои маълумот: Шаҳрвандоне, ки хоҳиши насб кардани дастгоҳҳои хусусии фотоэлектрикии офтобиро (то 1 МВт) доранд, метавонанд аз истгоҳҳои ба системаи ягонаи энергетикӣ пайвастшуда истифода баранд ва қувваи барқи зиёдатии истеҳсолшударо тибқи шартнома ба корхонаҳои энергетикии минтақавӣ дар асоси қарордод мувофиқи қарорҳои дар боло зикршуда фурӯшанд.

    Соҳиби таҷҳизоти мазкур низ ба маъмурияти ноҳия бо ариза оиди ҷудо намудани ҷубронпулие, ки бо қарори Девони Вазирон №ҚДВ-217 аз 14 апрели соли 2021 пешбинӣ шудааст, барои ҷуброни як қисми хароҷоти сарфшуда муроҷиат намудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates