Бори аввал дар Ӯзбекистон амалиёти мураккаби эндопротезии устухон гузаронида шуд

    Тандурустӣ 4 Avgust 2022 1142

    Бори аввал дар Ӯзбекистон ба навраси 14-сола бо варами хабиси устухон амалиёти мураккабтарини эндопротезӣ гузаронида шуд.

    Пӯшида нест, ки бемориҳои онкологӣ дар саросари ҷаҳон ҳар соат меафзояд. Тибқи омор, то соли 2030 шумораи беморони гирифтори бемориҳои хатарноки онкологӣ дар ҷаҳон метавонад ба 23,6 миллион нафар бирасад.

    Мутаассифона, мизони бемории саратон дар кишвари мо низ кам нест. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, аз 900 нафар беморони гирифтори омосҳои ашаддии устухонҳо, ҳиссаи кӯдакон 7 фоизро ташкил медиҳад.

    Аз ҷумла, ин беморӣ ба як навраси 14-солаи сокини шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона сироят кардааст. Волидайни кӯдак барои кумак ба Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии тиббии махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ ва радиология муроҷиат кардаанд.

    Бинобар хабари агентии иттилоотии Uzreport, кормандони Марказ дар ҳамдастӣ бо пизишкони рус ва маҳаллӣ барои бемор ҷарроҳии афзояндаи эндопротезӣ анҷом доданд. Ин амалиёт дар мамлакати мо бори аввал гузаронда шуд.

    “Ин ҷарроҳӣ амалиёти эндопротезии банди зону ҳангоми бемории паҳншудаи варами ашаддии сеяки поёни рони чап мебошад. Чунин амалиётҳо қаблан дар як қатор муассисаҳои тиббии кишвари мо анҷом дода мешуданд, аммо ин тартиби дахолати ҷарроҳӣ бо он фарқ мекунад, ки эндопротези дар бемор насбшуда хусусияти кашида дароз кардан дорад. Яъне бартарии он имкони дароз кардани дастгоҳ пас аз ҷарроҳӣ аст”, - гуфт мудири шӯъбаи Маркази тиббии илмию амалӣ Тоҷиддин Мустафоев.

    Ба гуфтаи мутахассис, ин узви сунъӣ ба таври инфиродӣ, бо назардошти хусусиятҳои бадани бемор тайёр карда мешавад. Ғайр аз ин, баробари инкишоф ёфтани организми наврас аппарат бо он мувофиқ дароз мешавад.

    Дар натиҷа, ҳатто вақте ки кӯдак калон мешавад, дар ӯ нуқсонҳо, аз қабили кӯтоҳ кардани дасту пойҳо пайдо намешаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates