Заъфарони бо тамғаи БМБ «Za’faron» дар Ҷиззах рӯёндашуда ба бозорҳои Олмон, Шветсия ва Туркманистон интиқол дода мешавад

    Тиҷорат 9 Yanvar 2023 1211

    Байни раиси Шӯрои нозирони ширкати BMB Trade Group Бекзод Маматқулов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Набиҷон Қосимов ва Кордори муваққатӣ дар Шветсия Нодир Ғаниев мулоқот баргузор гардид.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон, инчунин Олмон ва Шветсияро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҳукумати вилояти Ҷиззах.

    Тавре роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар Олмон ва Шветсия, Туркманистон қайд карданд, ба заъфарони баландсифати бренди BMB Za’faron дар бозорҳои ин кишварҳо талабот зиёд аст.

    Аз ҷумла, ширкатҳои фармасевтӣ ва косметикӣ дар Олмон ва Шветсия ба заъфарони шифобахш таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

    Дигар гиёҳҳои шифобахш, инчунин меваҳои хушк низ дар байни истеъмолкунандагони Олмон ва Шветсия талабот зиёданд.

    Дар навбати худ, дар Туркманистон низ таваҷҷуҳи зиёд ба меваю сабзавот қайд карда мешавад.

    Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо дар бораи ташкили баррасии минбаъдаи лоиҳаҳои содиротӣ дар мулоқотҳои BMB Trade Group бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмон, Шветсия ва Туркманистон ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates