Аввалин қулайӣ он аст, ки агар шаҳрвандон дар кӯча дар паҳлӯи биноҳои МХД бо корҳои гуногун истода бошанд, ҳатто корҳо ба МХД иртибот надошта бошанд, метавонанд ба дохили хона даромада гарм шаванд, ба онҳо як пиёла чойи гарм, утоқҳои қулайи интизорӣ пешниҳод карда мешаванд.
Дуюм, роҳбарият супориш дод, ки дар мавридхои зарурӣ нафакахӯрон, шаҳрвандони имконияташон маҳдуд, шаҳрвандони кӯдакдор, ки ба ҳамаи МХД-ҳо мераванд (ба ғайр аз шаҳри Тошканд) ба истгоҳи автобусҳо, маркази шаҳр ё ноҳия, хона бо мошинҳои хидматии “Дамас” интиқол дода шаванд.
Сеюм, хамаи МХД дар режими сарфаи энергия кор мекунанд: рӯзона чароғҳо гиронда намешаванд, танҳо компютерҳо ва лавҳаҳои иттилоотии шаҳровандон кор мекунанд.
Инчунин дар бораи имкониятҳои аз масофа, аз хона набаромада ба воситаи порталҳои my.gov.uz, license.gov.uz.uz ва new.birdarcha.uz ба даст овардани хидмати давлатии электронӣ хотиррасон кардан ҷоиз аст.
Масалан, тавассути портали my.gov.uz шумо метавонед:
барои табобат дар санатория роҳхат гиранд;
кӯдакро ба таври фосилавӣ ба навбат ба боғча гузоред ва ҳолати онро тафтиш кунед;
онлайн барои издивоҷ муроҷиат кунед.
Тавассути системаи иттилоотии «Лицензия» (http://license.gov.uz/) додани рухсатнома ва иҷозатномаҳо, гирифтани маълумот дар бораи ташкилот дар аккаунти худ, ҷустуҷӯи маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо имконпазир аст.
Тавассути портали new.birdarcha.uz шумо метавонед ба осонӣ ва зуд бидуни тарки хонаатон тиҷорат оғоз кунед.
Марказҳои хизматҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки ба шаҳрвандон хушмуомила бошанд.