Ба суханони сипосгузорӣ ба суроғаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмон барои пазироии анъанавии гарм ва ташкили аълои нишасти имрӯз ҳамроҳ мешавам.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки раёсати самарабахши ҷониби Тоҷикистон дар доираи ИДМ ба ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои мо ҷунбиши нав бахшид.
Бояд зикр кард, ки дар шароити равандҳои мураккаб ва пешгӯинашавандаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин дар заминаи заифшавии нақши институтҳои байналмилалӣ ИДМ устуворӣ, самаранокӣ ва аҳамияти амалии худро нишон медиҳад. Бо шарофати механизмҳо ва робитаҳои дар тӯли даҳсолаҳо ба вуҷудомада, дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ҳамкории зичи муштарак ба роҳ монда шудааст.
Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ боз ҳам мустаҳкамтар намуда, самаранокии ҳамгироии амалиро бо кишварҳое, ки шарикони табиии мо мебошанд, афзун гардонем.
Дар ин замина, Ӯзбекистон арзёбӣ ва пешниҳодҳои оид ба амиқтар намудани муносибатҳои бисёрҷониба садододашударо пурра дастгирӣ менамояд.
Барои мо густариши ҳамкории иқтисодии кишварҳоямон афзалияти бечунучаро мебошад. Ин масъала дар шароити вазъи душвортари иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши протексионизм ва пайдошавии хатарҳои нав ба рушди устувор аҳамияти хоса дорад.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистон ва шарикони он дар ИДМ соли гузашта 11 фоиз афзуд. Дар соли ҷорӣ низ афзоиши нишондиҳандаҳои савдои мутақобила таъмин мегардад.
Ин гуна натиҷаҳо бевосита бо амиқ гардидани ҳамкории байнисоҳавӣ ва афзоиши ҷараёнҳои сармоягузорӣ миёни кишварҳои мо вобастаанд.
Вазифаи асосиро дар он мебинем, ки захираҳои мавҷударо пурра ба кор андохта, суръат ва динамикаи ҳамкориҳоямонро нигоҳ дорем.
Мо пешниҳод менамоем, ки кӯшишҳои муштараки худро ба самтҳои афзалиятноки зерин равона созем.
Якум, ин ташаккули минбаъдаи шароити мусоид барои афзоиши гардиши мол мебошад.
Сухан дар бораи содасозии тартиб ва талабот ҳангоми расонидани баъзе молҳо, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини дастрасӣ ба бозорҳои миллӣ, аз ҷумла хариди давлатӣ меравад.
Муҳим аст, ки бозорҳои мутақобил дар кишварҳои мо васеъ гарданд.
Дар ин замина, мувофиқ мешуморем, ки дар доираи Шӯрои иқтисодии ИДМ механизмҳои вокуниши фаврӣ ба тағйироти конъюнктураи берунии бозор ва тағйир додани самти равонасозии ҷараёнҳои савдо роҳандозӣ карда шаванд.
Инчунин, зарур медонем, ки кори мувофиқсозии лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба монеаҳои техникӣ ва эътирофи ҳуҷҷатҳои арзёбии мувофиқат фаъолтар гардад.
Дуюм, мехоҳам ба масъалаҳои амиқ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи махсус ҷалб намоям.
Мутаассифона, то ҳол дар шабакаи нақлиётии фазои ИДМ «нуқтаҳои заиф» вуҷуд доранд, ки самаранокии долонҳои мавҷударо паст мекунанд.
Мо зарур мешуморем, ки марказҳои иттилоотию логистикӣ таъсис дода шаванд, ки бо ҳама намудҳои нақлиёт ҳамгиро бошанд.
Илова бар ин, ҷалби сармояи хусусӣ барои навсозии инфрасохтори боркашонӣ хеле муҳим аст. Дар ин замина, ният дорем, ки дар Ӯзбекистон Конфронси кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои шарикии давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи нақлиётро баргузор кунем.
Сеюм, ин ҳавасмандгардонии афзоиши сармоягузориҳои мутақобила ва дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ мебошад.
Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои мавҷуда, пешниҳод менамоем, ки «харитаи роҳ» барои дастгирӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ дар кишварҳоямон таҳия гардад.
Барои амиқтар кардани ҳамкорӣ ва пешбурди стартапҳои инноватсионӣ бо ҷалби тиҷорат таъсиси Платформаи венчурии ИДМ нақши муҳим хоҳад дошт.
Соли оянда, дар доираи намоишгоҳи «ИННОПРОМ» дар Тошканд, мо омодаем, ки Форуми саноати инноватсионии ИДМ-ро бо иштироки васеи минтақаҳо ва ширкатҳои пешбари кишварҳоямон баргузор кунем.
Агар ҳамкасбон дастгирӣ кунанд, пешниҳод мекунам, ки ба Шӯрои иқтисодии ИДМ супурда шавад, ки тадбирҳоеро таҳия намояд, ки ба татбиқи ташаббусҳои дастгирии лоиҳаҳои муштарак нигаронда шудаанд.
Чорум, яке аз самтҳои асосӣ ҳамкории энергетикӣ мебошад.
Имрӯз, якҷо бо шарикони худ дар доираи ИДМ мо як қатор лоиҳаҳои бузурги стратегиро дар соҳаи истифодаи манбаъҳои анъанавӣ ва алтернативии энергия, аз ҷумла сохтмони неругоҳи атомӣ амалӣ менамоем.
Мо ҷонибдори таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати рушди инноватсионии бахши энергетикии кишварҳои ИДМ ҳастем.
Панҷум, ҳамкориҳо дар соҳаи рақамисозӣ сазовори таваҷҷуҳи махсусанд.
Форуми байналмилалии “Рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ИДМ”, ки моҳи август дар Самарқанд баргузор шуд, шавқу манфиати афзояндаи тарафайн ва имкониятҳои ҳамкориро нишон дод.
Мо кӯшишҳои фаъоли шарикони худро дар доираи ИДМ дар ин самт пурра дастгирӣ намуда, пешниҳод менамоем, ки Нақшаи бисёрҷонибаи амалҳо оид ба амиқ гардондани ҳамкории амалӣ таҳия карда шавад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Мо манфиатдори густариши барномаҳои муштарак дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва ҳунар мебошем.
Бо дарназардошти рушди босуръати бахши маориф ва бозори меҳнат дар кишварҳоямон ҷонибдори таҳияи Созишномаи нави байнидавлатӣ оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо, ихтисосҳо ва барномаҳои академӣ, инчунин ворид кардани Механизми ҳамоҳангсозии стандартҳои касбӣ ва талаботи тахассусӣ мебошем.
Мо ҳамчунин омодаем, ки дар шаҳри Хива Форуми ҷавонони ИДМ-ро баргузор намоем, ки дар рӯзномаи он масъалаи таъсиси Лабораторияи ҷавонон барои ташаккули экосистемаи инноватсионӣ, дастгирии иқтидори эҷодӣ ва зеҳнии насли ҷавон ҷой дода шавад.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Имрӯз дар бораи хатарҳо ва таҳдидҳои умумӣ ба амният ва суботи кишварҳоямон суханҳои зиёде гуфта шуд.
Муҳим аст, ки тамосҳои низомнок ва зич байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва хадамоти махсус идома ёбанд. Сухан дар бораи ҳамоҳангсозии амалҳо, мубодилаи иттилоот ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак меравад.
Вақте ки мо дар бораи марзҳои ҷанубии Иттиҳод ҳарф мезанем, набояд вазъи мураккаб ва ниҳоят ҳассоси Афғонистон фаромӯш шавад. Хатарҳо ва таваккалҳое, ки аз ҳудуди ин кишвар бармеоянд, бо дарназардошти буҳрони иқтисодию иҷтимоии афзоянда то ҳол дар ин кишвар боқӣ мондаанд.
Мехоҳам таъкид намоям: Ӯзбекистон устуворона ҷонибдори таъмини сулҳи дарозмуддат, субот ва рушди устувори Афғонистон мебошад.
Дар ин замина, пешниҳод мекунем, ки имконияти иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар ин кишвар баррасӣ гардад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Мо пурра ҷонибдори дубора ба ҳайси Котиби генералии Иттиҳод таъин шудани муҳтарам Сергей Николаевич Лебедев ҳастем.
Дар анҷом, мехоҳам ба Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов, дар робита ба ӯҳда гирифтани раёсати ИДМ муваффақиятҳои зиёд таманно намоям.
Бовар дорам, ки мулоқоти имрӯза ва қарорҳои қабулшаванда ба густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба мусоидат намуда, ба расидан ба ҳадафҳои умумӣ ба хотири шукуфоӣ ва пешрафти кишварҳо ва халқҳои мо хидмат хоҳанд кард.








