Ҳуҷҷат аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ўзбекистон дар АМА Абдулазиз Акқулов ва муовини вазири корҳои хориҷии АМА Холид Абдуллоҳ Белҳул имзо шуд. Мувофиқи ҳуҷҷат, шаҳрвандони Ўзбекистон аз талаботи раводид дар давраи будубош дар ҳудуди АМА - на бештар аз 30 рӯз озод карда мешаванд.
Ҳуҷҷат расман аз 16 феврали соли 2024 эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.