баннер
31 Mar 2025
22:32

    Амалҳои ғайриқонунии намояндагони соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ ошкор гардид

    Бехатарӣ 27 Mart 2025 644

    Кормандони Садорати Хидмати амнияти давлатии шаҳри Тошканд дар ҳамкорӣ бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва Сарсадорати корҳои дохилии шаҳр барои фош кардани фаъолияти ғайриқонунии намояндагони соҳаи таълимии томактабӣ ва мактабӣ амалиёти фаврӣ гузарониданд.

    Дар рафти гузаронидани чорабинии зудамал мудири ташкилоти таълимии томактабии ноҳияи Олмазор ҳангоми гирифтани 8 ҳазору 500 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд боздошт шуд.

    Шаҳрванд мехост соҳибкорӣ кунад. Мудир ба боварии ӯ даромада, бо ваъдаи тавассути шиносҳои мансабдори худ тариқи музояда ба иҷора гирифта додани майдони футболи мактаби таълими умумии рақами 4-уми ноҳияи Шайҳонтоҳур, ҳангоми гирифтани пул бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

    Ҳоло нисбати мудири ТТТ тибқи моддаи 168 қисми 2 банди «а», моддаи 28 қисми 1 моддаҳои 28, 211 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    Дар мавриди дигар, мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии яке аз ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бо истифода аз мақоми хизматиаш бо сармутахассиси ин шуъба аз як омӯзгори мактаб ба ивази мусоидат барои ба вазифаи мудири муассисаи таълимии томактабии ноҳия таъин кардани ӯ тамаъҷӯӣ карда, ҳангоми гирифтани 15 миллион сӯм тавассути сармутахассис аз тарафи кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дастгир карда шуд.

    Ҳоло нисбати онҳо бар асоси моддаи 168 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, чораҳои тафтишотӣ идома дорад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech