Ханчжоу 2022: санаи мусобиқаҳо оид ба атлетикаи вазнин тағйир ёфт

    Варзиш 24 Yanvar 2023 1690

    Санаи баргузории мусобиқоти вазнбардорӣ, ки дар чаҳорчӯби Бозиҳои осиёии Ханчжоу-2022 баргузор мешавад, тағйир ёфт. Дар ин бора миёни Федератсияи вазнабардории Осиё ва Кумитаи тадорукоти мусобиқот тавофуқ ҳосил шуд.

    Ин ба он далел аст, ки муҳлати байни чемпионати ҷаҳон, ки аз 2 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) баргузор мешавад ва Бозиҳои осиёӣ хеле наздик аст.

    Тибқи ҷадвали қаблӣ, мусобиқаи Ханчжоу бояд аз 27 сентябр то 4 октябр баргузор мешуд. Мувофики санаи нав аз 30 сентябрь то 7 октябрь намоишҳои вазнбардорӣ барпо мегарданд.

    Ба иттилои хидмати матбуоти КМО, Бозиҳои XIX осиёии Ханчжоу-2022 аз 23 сентябр то 8 октябри соли равон баргузор мешаванд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates