Ҳизбуллоҳ ба Тел-Авив бо ракетаҳо ҳамла кард

    Ҳамлаи ракетӣ ба Тел-Авив ҷавоб ба зарбаи ҳавоӣ ба маркази Бейрут буд, ки дар натиҷаи он ҳадди ақал 29 нафар ҷони худро аз даст доданд.

    Гурӯҳи террористии Ҳизбуллоҳ боз ба Тел-Авив ҳамлаи ракетӣ анҷом дод. Тибқи маълумоти расонаҳо, дар натиҷа чанде аз шаҳрвандон ҷароҳатҳои сабук гирифтанд. Дар ин бора рӯзи душанбе, 25 ноябр, The Times of Israel ва Reuters хабар доданд.

    The Times of Israel, бо истинод ба маълумоти табибон, аз ҳадди ақал панҷ нафар маҷрӯҳ хабар дод. Ҳамчунин, як шахс дучори вокуниши шадиди равонӣ шудааст.

    Ба гуфтаи низомиёни исроилӣ, бар асари ин ҳамла дар наздикии Тел-Авив хонаҳо вайрон шуда ё оташ гирифтанд. Полис хабар дод, ки ракетаҳо дар минтақаи Петах-Тиква, дар тарафи шарқии пойтахт, афтиданд.

    Дар ЦАХАЛ эълом карданд, ки дар тӯли 24 соати гузашта Ҳизбуллоҳ ба самти Исроил 240 ракета партоб кард, ки бисёри онҳо нобуд карда шуданд. Ҳушдорҳо дар аксар минтақаҳои кишвар садо доданд. Ҳадди ақал чаҳор нафар аз пораҳои ракетаҳо ҷароҳат бардоштанд.

    Дар навбати худ, Ҳизбуллоҳ изҳор дошт, ки бо ракетаҳои дақиқ ду иншооти низомиро дар Тел-Авив ва наздикии он ҳадаф қарор додааст. Гурӯҳ қайд кард, ки ҳамлаи ракетӣ ба Тел-Авив ҷавоб ба зарбаи ҳавоӣ ба маркази Бейрут буд, ки дар натиҷааш ҳадди ақал 29 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад korrespondent.net.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates