Қаблан дар бораи фавти 83 нафар хабар дода буд.
Тибқи иттилои South China Morning Post, дар асоси маълумоти хидмати оташнишонӣ, аксари ҷасадҳо аз ду биное, ки сӯхтор шадидтар буд, пайдо шудаанд. Шумораи одамоне, ки сӯхтаву захмӣ шудаанд, ба 155 нафар расидааст. Пештар хабар дода шуда буд, ки тақрибан 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар байни маҷрӯҳон ва сӯхтагон ёздаҳ оташнишон низ ҳастанд.
Сӯхтор рӯзи чоршанбе дар маҷмааи истиқоматии “Wang Fuk Court”, ки аз ҳашт бинои баландошёна иборат аст, рух дод. Як бино қариб осеб надидааст, ҳафт бинои дигар дар байни алангаи оташ мондаанд. Сӯхтор тавассути тахтаҳои бамбук, ки барои таъмири косметикии биноҳо насб шуда буданд, паҳн шудааст. Дар маҷмаа тақрибан 2000 хона мавҷуд буда, дар онҳо тахминан 4000 нафар зиндагӣ мекунанд, хабар дод tass.ru.








