Ҳокимияти Тошканд барои эҳтиёҷмандон оши бепул ташкил кард - руйхати нуқтаҳои хуроки умумӣ

    Маъмурияти шаҳри Тошканд хабар дод, ки аз дирӯз сокинони шаҳр, ки ба ғизои гарм ниёз доранд ва ҳамчунин кормандони хадамоти мухталиф метавонанд онро аз чанд макон дастрас кунанд.

    «Ба муносибати ғайримуқаррарӣ сард шудани ҳаво дар пойтахт, аз 12 то 16 январи соли ҷорӣ ҳокимияти шаҳри Тошканд дар толорҳои зиёфати шаҳр оши палавро ба таври ройгон тақсим мекунад», - менависад хидмати матбуоти ҳокимият. -- Палав барои сокиноне, ки ба хӯроки гарм эҳтиёҷ доранд, аз оилаҳои камбизоат, инчунин кормандони муассисаҳои коммуналӣ, раёсати ободонӣ ва кормандони Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст».

    Дар зер рӯйхати нуқтаҳои хӯроки умумӣ оварда шудааст, ки дар онҳо тақсимоти харрӯзаи оши палав дар муҳлат ва вақти муайянкардаи маъмурияти пойтахт ташкил карда мешавад.

    Рӯйхати ҷойҳое, ки дар онҳо оши палав 13 ва 14 январ ташкил карда мешавад.

    Рӯйхати ҷойҳое, ки дар онҳо оши палав 15 ва 16 январ ташкил карда мешавад.

    Ҳамчунин зикр гардид, ки дигар соҳибкорону шаҳрвандони ғамхор низ саҳми худро гузоштанд, ки дар баробари ташкилотҳои давлатӣ ба муассисаҳои коммуналӣ, ки дар ҳавои сард кӯчаҳои шаҳри Тошкандро аз барфу ях тоза карданд, хӯроку нӯшокиҳои гарм расониданд.

    Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд дар навбати худ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки афроди бесарпаноҳро ба ҳоли худ нагузоранд, балки нисбати онҳо ғамхорӣ кунанд.

    "Агар дар кӯча афроди бесарпаноҳро дидед, ба рақами 71-206-49-14 ё ба шӯъбаи наздиктарин шӯъбаи корҳои дохилӣ, ё рақами 102 муроҷиат кунед. Барои онҳо сарпаноҳ ва хӯроки гарм аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ташкил карда мешавад", - омадааст дар гузориши мақомоти муҳофизати қонун.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates