Ҳокимияти Тошканд ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тотористон инкишоф медиҳад

    23 март дар технопарки кимиёву индустралии “Чирчиқ” бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов оид ба ҳамкорӣ байни ҳокимияти Тошканд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон "Харитаи роҳ" ба имзо расид.

    Ба "Харитаи роҳ" оид ба ҳамкории густурдашуда байни ҳокимияти Тошканд ва Ҷумҳурии Тотористон барои солҳои 2022-2023 ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ва Президенти Тотористон (Федератсияи Русия) Рустам Минниханов имзо гузоштанд.

    Ҳуҷҷат мубодилаи тарафайни таҷрибаро дар фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, шаҳарсозӣ, идоракунии мунисипалӣ, ХМК, ободонӣ ва дастгирии иҷтимоии митақаҳоямон, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, илм, таълим, сайёҳӣ, варзиш, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра пешбинӣ менамояд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates