Нақшаи инкишофи вилояти Хоразм муҳокима гардид

    Президент Шавкат Мирзиёев 22 ноябр доир ба чорабиниҳои иловагии инкишофи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хоразм ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар солҳои охир дар Хоразм соҳибкорӣ, агросаноат ва бахши хидматрасонӣ мунтазам инкишоф меёбад. Сафари роҳбари давлат дар ибтидои сол ва вазифаҳои зимни он муқарраргардида ба ин таҳрики иловагӣ бахшид.

    Соли оянда ба вилоят ҷалб намудани 1,5 миллиард доллар сармоя ба нақша гирифта шудааст. Ин барои фароҳам овардани корхонаҳои зиёд, ҷойҳои кор ва боло рафтани некуаҳволӣ пойдевор мегардад.

    Барои мисол, агар дар ноҳияи Қӯшкӯпир 175 гектар замин ба минтақаи саноатӣ муттаҳид карда шавад, ба миқдори 1 миллиард доллар лоиҳаҳоро татбиқ кардан имконпазир мегардад. Дар он ҷо 2 ҳазор ҷойи кор дар бахшҳои электротехника, кимё, мошинсозӣ ва дорусозӣ фароҳам оварда мешавад.

    Коҳиш додани минтақаи муҳофизатии канали Шавот аз 50 то 25 метр имкон медиҳад, ки лоиҳаҳо ба ҳаҷми 30 миллион доллар ҷойгир карда шаванд. Дар ин ҷо ба миқдори 1 триллион сӯм хидматрасонӣ гардида, 2,5 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда мешавад. Дар шафати каналҳои Ғазоват ва Полвон инчунин имконот барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 50 миллион доллар вуҷуд дорад.

    Дар хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии об инчунин имконоти корбастнашуда вуҷуд дорад. Барои вусъат додани паррандапарварӣ дар ноҳияи Қӯшкӯпир, моҳипарварӣ дар ноҳияи Боғот шароит кофист. Беҳсозии таъминоти об дар Янгиариқ имкон медиҳад, ки 1,2 ҳазор нафар бо боғпарварӣ, шоликорӣ ва моҳипарварӣ машғул гарданд.

    Дар соҳаи иҷтимоӣ низ пешниҳодот вуҷуд дорад. Аз он ҷумла, ба маълумоти сифатнок талаб зиёд аст. Аз ин рӯ таъмир намудани 44 мактаб ва кудакистон, сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ба вуҷуд овардани марказҳои тиббии бисёрсоҳа дар ноҳияҳои Урганҷ, Боғот, Шовот ва Янгибозор ба нақша даромадааст.

    Роҳбари давлат вазифадор намуд, ки ин пешниҳодот тартиб дода шуда, лоиҳаи қарорҳо омода карда шаванд. Муҳим аст, ки имконот ба натиҷа табдил дода шуда, одамон бо кор таъмин гардида, даромадашон афзояд, таъкид кард Президент.