Дар ҷараёни сафари расмии сарвари давлатамон ба Туркия ҳафтаи гузашта тавофуқоти зиёде ҳосил шуд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамкориҳои стратегии Ӯзбекистону Туркия ва мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ду кишвар 158 лоиҳаи нав ба маблағи 10,1 миллиард доллар ташаккул ёфт. Ин лоиҳаҳо соҳаҳое, аз қабили саноат, энергетика, кӯҳӣ ва геология, нақлиёт, тандурустӣ ва кишоварзиро дар бар мегиранд.
Дар мулоқот дар бораи тадбирҳое, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ андешида мешаванд, маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Созишномаи дуҷонибаи савдои имтиёзнок васеъ намудани номгӯи молҳо, поин бурдани тарифу боҷҳо ба маҳсулоти нассоҷӣ, чарму пойафзол, электротехникӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кушодани намояндагии тиҷоратии Ӯзбекистон дар Истамбул дар назар аст.
Ҳамчунин таҳияи "харитаи роҳ" оид ба азхуд кардани манотиқи кӯҳистонӣ дар асоси таҷрибаи Туркия, ҷорӣ кардани низоми суғуртаи кишоварзӣ ва ифтитоҳи Маркази озмоишии тухмии Ӯзбекистону Туркия, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, дар назар аст.
Президент оид ба густариши портфели лоиҳаҳои пешомаднок бо ширкатҳои бузурги Туркия ва рушди ҳамкории байниминтақавӣ супоришоти дахлдор дод.
Ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо Арабистони Саудӣ низ фаъолона инкишоф ёфта, татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузург оғоз гардида, портфели сармоягузорӣ пайваста васеъ мешавад. Бо иштироки ширкатҳои подшоҳӣ рӯйхати 34 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 24,1 миллиард доллар ташаккул дода шуд.
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур дар соли ҷорӣ азхуд кардани маблағ ба миқдори 2,5 миллиард доллар, аз он ҷумла 1,5 миллиард доллар сармоя дар доираи 13 лоиҳаи иловагӣ дар соҳаҳои нақлиёт, рақамисозӣ, инфрасохтор, тандурустӣ ва энергетика ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамъомад ба фаъол гардондани фаъолияти Шӯрои соҳибкории Саудӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд. Муҳимияти анҷоми музокирот ва оғози корҳои амалӣ оид ба лоиҳаҳои нави ояндадор дар соҳаи экология, саноати кӯҳӣ ва ҳамкориҳои молиявӣ бо арзиши умумии 6,5 миллиард доллар, ки дар доираи Шӯро ташкил шудааст, таъкид гардид.
Президент бо ҳисобот ва нақшаҳо шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва босифати захудкунии сармояҳои хориҷӣ чораҳо андешанд ва аз болои иҷрои лоиҳаҳо назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд.
Вазифаи муколамаи доимӣ бурдан бо сармоягузорон, барои онҳо фароҳам овардани шароити мусоидтарин, пайваста ҳал намудани масъалаҳое, ки дар рафти татбиқи лоиҳаҳо ба миён меоянд, гузошта шуданд.