Ҳолати кор дар соҳаи хусусигардонӣ аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд

    Ҳукумат 20 Yanvar 2022 5745

    20 январ таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба корҳое, ки соли ҷорӣ дар соҳаи хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд, ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Дар ҷамъомад ҳолати кори ин соҳа ва нақшаҳои оянда аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ гардид.

    Тибқи натиҷаҳои инвентаризатсия, ки бо супориши Сарвари давлат гузаронида шуд, дар ихтиёри соҳаҳо ва минтақаҳо 2 ҳазор иншооти бесамар истифодашаванда муайян карда шуданд. Аз ҷумла, дар саноати нафту газ – 210, дар соҳаи алоқа – 152, дар бонкҳои тиҷоратии давлатӣ – 114, дар саноати кимиё – 44, дар соҳаи энергетика – 28 объекти ба фурӯш гузошташаванда мавҷуд аст. Дар баланси ҳокимиятҳои вилоятӣ қариб 170 объекти холӣ, ки солҳо боз фурӯхта намешаванд, мавҷуд мебошанд.

    Дар рафти ҷамъомад нисбати масъулоне, ки дар ин самт ба камбудиҳо роҳ додаанд, барои андешидани чораҳои интизомӣ дастур дода шуд, ки бархе аз онҳо аз вазифа озод карда шуданд.

    Зарурати дар соли ҷорӣ фаъол гардондан ва ду баробар зиёд кардани самараи кор нишон дода шуд.

    Масалан, аз ҳисоби хусусигардонии объектҳои минтақаҳо ва заминҳои таъиноти ғайрикишоварзӣ то охири сол даромадро ба маблағи бештар аз 8 триллион сӯм таъмин кардан мумкин аст.

    Дар баробари ин зарурати давом додани инвентаризатсия қайд карда шуд. Ҷавобгарии шахсии ҳокимони вилоятҳо ва роҳбарони соҳаҳо барои муайян намудан ва ба савдоҳои кушод гузоштани активҳои ғайрисоҳавӣ, бесамар ва истифоданамешуда нишон дода шуд.

    Вазифа гузошта шуд, ки то 1 июл 33 ҳазор қитъаи замини дар асоси ҳуқуқи моликият ба фурӯш гузошташуда фурӯхта, инчунин ба савдо 25 ҳазор қитъа гузошта шавад. Зимнан зикр гардид, ки 266 корхона дар соҳаҳои роҳ, нақлиёт, нафту газ, энергетика ва мошинсозӣ бояд дар асоси равиши ҷудогона ба фурӯш гузошта шаванд.

    – Бисёр роҳбарони соҳаҳо ҳанӯз ҳам аз корхонаҳои ғайриасосӣ бесамар истифода мебаранд. Дар соҳаҳои бузург саҳми давлатии 480 корхонаҳо шояд пурра ба сектор хусусӣ дода шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба ин муносибат, ба Сарвазир супориш дода шуд, ки объектҳои дахлдори «Ӯзавтосаноат», «Ӯзбекистон темир йӯллари», «Ӯзбекнефтегаз», «Ҳудудий электр тармоқлари» ва дигар соҳаҳоро аз инвентаризатсияи пурра гузаронад, инчунин оид ба хусусигардонии онҳо пешниҳодҳо тақдим намояд.

    Аҳамияти ҷалби сармоягузорони салоҳиятдор ба чунин маҷмӯъҳои калон, ба мисли “Фарғонаазот”, заводи спирти Бектемир, “Қӯқон биокимё”, заводи калийи Деҳқонобод, “Кварц”, “Hyatt” қайд гардид. Дар бораи ҷойгиркунии аввалияи саҳмияҳои 23 ҷамъияти саҳомӣ дар бозори саҳҳомӣ дастур дода шуд.

    Яке аз роҳҳои истифода бурдани биноҳои бекорхобида ба иҷора додани онҳо мебошад. Дар ҷамъомад имконот дар ин самт таъкид гардид. Ба иҷора додани моликияти давлатӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо дар соли ҷорӣ метавонад даромадро ба маблағи 500 миллиард сӯм таъмин намояд.

    Муайян карда шуд, ки минбаъд объекти зиёда аз се моҳ истифоданашуда ба иҷора ва ё ба фурӯш гузошта мешавад. Ба Агентии активҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки системаи шаффофи ба қайд гирифтан ва назорати онлайнро барои иҷрои шартномаҳо оид ба иҷораи амволи корхонаҳо бо ҳиссаи давлатӣ ба роҳ монад.

    Бо назардошти вазифаҳои дар ҷамъомад гузошташуда барномаи хусусигардонӣ барои соли 2022 дар қисмати минтақаҳо ва соҳаҳо тасдиқ карда хоҳанд шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates