Дар боғ дарахтони ороишӣ ва гул шинонда, майдонҳои сабз бунёд карда мешаванд. Барои чорабиниҳои идона амфитеатр барои 5 ҳазор ҷой сохта мешавад.
Ба сарвари давлат дар бораи шароити мусоиде, ки дар ин ҷо ташкил карда мешаванд, маълумот дода шуд.
Конструксияҳои асосии маҷмӯи "Истиқлол" насб карда шуда, корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ идома доранд. Дар маҷмӯъ таърихи сеҳазорсолаи Ўзбекистон, мероси бузурги гузаштагонамон ва арзишҳои миллии халқамон инъикос хоҳанд ёфт.
Президент бо намунаҳои эскизи барелефҳо ва элементҳои ороишии маҷмӯъ шинос шуд, ба шахсони масъул ва сохтмончиён тавсияҳо дод.