Лоиҳаи сохтмони мавзеъҳои нав муаррифӣ шуд

    Ҳукумат 30 Noyabr 2021 3085

    Президент Шавкат Мирзиёев зимни маросими оғоз намудан ба вазифаи роҳбари давлат дар бораи сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» бо тамоми қулайиҳо ва инфрасохтори иҷтимоии ногузир барои иқомати беш аз як миллион нафар хабар дода буд.

    Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 2 ноябр баргузор гардида буд, ҷанбаҳои амалии барномаи мазкур баррасӣ гардида буданд. Дар давраи гузашта барои сохтмони мавзеъҳо маҳалҳои ба шаҳр ва марказҳои ноҳияҳои молики инфрасохтор интихоб гардиданд.

    30 ноябр тақдимоти чунин лоиҳаҳо барои роҳбари давлат баргузор гардид.

    Бино ба нақша, соли оянда сохтмони 22 мавзеи нав дар назар дошта шудааст. Барои осон намудани фаъолияти ташкилотҳои бинокорӣ аз тариқи ауксион танҳо қитъаҳо барои сохтмони биноҳои бисёрошёна ба фурӯш мерасанд. Ҳудуди атроф ба соҳибони биноҳо барои истифодаи умумӣ пас аз поён ёфтани сохтмон дода мешаванд. Қитъаҳои замин барои машғул гардидан бо соҳибкорӣ аз тариқи онлайн-ауксион ҷудо карда мешаванд.

    Роҳбари давлат дар заминаи сохтмони теъдоди кофии мактаб, кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ дар мавзеъҳои нав супоришҳо дод. Ба имкон доштани ба вуҷуд овардани на камтар аз 50 ҳазор ҷойи кор аз ҳисоби ташкили минтақаҳои хурди саноатӣ ва татбиқи бизнес-лоиҳаҳо ишора гардид.

    Роҳбарони минтақаҳо дар бораи чорабиниҳои оид ба ташкили сохтмон банақшагирифташуда ахбор доданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates