Вазифаҳо оид ба  сохтмони мавзеъҳои нав ва кабудизоркунии ҳудудҳо муайян шуданд

    Ҳукумат 2 Noyabr 2021 4934

    Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 2 ноябр оид ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо манзил ва вусъат бахшидани ҳудудҳои сабз ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Ба ин масъалаҳо дар барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев низ эътибори алоҳида нигаронда шуда буд. Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҳбари давлат таъкид карда буд, ки мақсади асосӣ дар истиқбол аз рушди сармояи инсон ва ба вуҷуд овардани шароити муносиб иборат аст, ки омилҳои муҳими он таъмин намудан бо хона ва фазои муносиби иқомат аст.

    Солҳои охир дар доираи барномаи ипотека дар мамлакатамон 140 ҳазор воҳид иморат сохта шуд. Ин нисбат ба соли гузашта 10 баробар зиёд мебошад.

    Ин кор набояд қатъ гардад, таъкид шуд дар ҷамъомад. Ҳар сол дар мамлакатамон қариб 300 ҳазор никоҳ ба қайд гирифта мешавад. Интизорӣ меравад, ки дар панҷ соли наздик аҳолии мамлакат то 38 миллион нафар мерасад.

    Бинобар он домани сохтмони манзил, инчунин аз тариқи барпо намудани мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар ҳар як минтақа васеъ мегардад. Дар ин мавзеъҳо дар зарфи панҷ соли наздик бо манзил таъмин намудани беш аз 250 ҳазор хонавода ба нақша гирифта шудааст.

    Дар ҷамъомад ҷанбаҳои ташкилӣ ва молиявии иҷрои ин вазифа муҳокима гардиданд.

    Президент таъкид кард, ки мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» бояд дар асоси принсипи инкишофи маҷмӯӣ сохта шаванд. Яъне дар ҳар як мавзеъ дар як вақт объектҳои саноатӣ, хидматрасонӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд мегарданд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо аллакай соли оянда сохтмони 40 чунин мавзеи иқоматии замонавӣ дар назар дошта шудааст.

    – Шумо дар ноҳияи Бағдод мавзеи навро дидед. Лоиҳаи омода ва таҷриба вуҷуд дорад. Зарур аст, ки ҳоло ин лоиҳа ба ҳар як минтақа мутобиқ гардонда шавад. Ташкил намудани озмуни кушод хеле муҳим мебошад. Агар ҳамааш шаффоф ва адолатнок гардад, бо сифат бунёд шавад, шумо низ дар пеши одамон хиҷолат намегардед, – гуфт Президент ба шахсони масъул.

    Ба Вазорати сохтмон якҷоя бо ҳокимони вилоятҳо муайян намудани қитъаҳои замин дар ҳар як минтақа ва таҳия намудани нақшаи генералии онҳо супурда шуд.

    Соли оянда барои бонкҳо барои боздодани кредитҳои ипотека дар доираи сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» 15 триллион сӯм равон карда мешавад. Корҳои сохтмон аз ҳисоби маблағи сармоягузорон иҷро мегардад. Президент аҳамияти дастгирии хонаводаҳои камтаъмин, барои онҳо вогузоштани субсид барои аъзобадалии ибтидоӣ ва пардохти фоизҳоро таъкид кард.

    Давлат барои оилаҳои камтаъмин ва занони дасттанҳо дар мавзеъҳои нав ҳазор квартира харид мекунад. Ба ин мақсадҳо ба ташкилотҳои сохтмон чун бунак 220 миллиард сӯм ҳавола мегардад.

    Имрӯз ба ҳисоби миёна ҳар як метри мураббаи манзил 4,5 миллион сӯмро ташкил менамояд. Дар ҷамъомад вазифаи дар ҳамин дараҷа нигоҳ доштани нархи манзил дар мавзеъҳои нав гузошта шуд. Бо ин мақсад ҳар сол аз ҳисоби буҷа 1 триллион сӯм барои таъмини мавзеъҳои нав бо инфрасохтори дохилӣ ва хориҷӣ ҷудо карда мешавад.

    Аз соли оянда ставкаи андоз барои даромади истеҳсолкунандагони симон аз 20 то 15 фоиз, андоз барои истифода аз захираи табиӣ 2 баробар кам карда мешавад. Ҳамзамон амал намудани имтиёз барои ворид намудани симон боз барои як сол дароз карда мешавад. Ҳамаи ин барои ба таври назаррас паст гардидани қимати манзил боис мегардад.

    Дар ҷамъомад инчунин чорабиниҳои татбиқи лоиҳаи миллии «Яшил макон» баррасӣ гардиданд. Дар доираи лоиҳа соле шинондани 200 миллион бех ниҳоли дарахт ва бутта, дар шаҳрҳо аз 8 фоизи имрӯза то 30 фоиз васеъ намудани майдони сабз ба нақша гирифта шудааст.

    Агар дарахтҳоеро, ки гӯё дар ҳамин қадар вақт шинонда шудааст, бишуморем, дар Ӯзбекистон набояд ҷойи холӣ мемонд. Қисми зиёди ниҳолҳое, ки шинонда шудааст, аз сабаби вуҷуд надоштани кори бонизом ва парвариш хушк шудаанд. Вазъияти имрӯза ва башоратгардандаи экологиро ба инобат гирифта, мо ниҳолшинониро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ мебардорем. Аз ин рӯ лоиҳаро бо омодагии ҷиддӣ, бо дақиқ ҳисоб кардани масъалаи молиявӣ, обёрии бонизом бояд татбиқ кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Аз ин рӯ барои қитъаҳои сабзи вуҷуддошта ва тоза бавуҷудомада шахсони дақиқи масъул бо қарори ҳокими ноҳия ва ё шаҳр вобаста карда мешавад. Ин шахсон натанҳо барои парвариши дарахтон дар ҳудуди мазкур, балки барои ободонии он низ ҷавоб медиҳанд.

    Шуъбаҳои ободонӣ бо техникаи махсус таъмин гардида, шабакаҳои обшорсозӣ дар ҷое, ки зарур аст, хобонда мешавад. Умуман барои масъалаҳои экологӣ, ниҳолшинонӣ ва парвариши онҳо муовинони ҳокимон оид ба сохтмон масъул мегарданд.

    Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар ин кори нек ҳар як ташкилот ва ҳар як шаҳрванд бояд нақши худро дошта бошад.

    Ҳудудҳое, ки дар шафати иморатҳои бисёрошёна ҳастанд, ба мулкдорон барои ба вуҷуд овардани қитъаҳои сабз вобаста карда шуда, дар он ҷойҳо чизе сохта намешавад. Чораҳо доир ба ниҳолшинонӣ дар ҳавлиҳои муассисаҳо, маҳаллаҳо дар ҳошияи роҳҳо ва майдонҳо андешида мешаванд.

    Дар ҷамъомад «чил рӯзи зарбдор» барои ниҳолшинонӣ то 10 декабр эълон гардид.

    Дар назди Кумитаи давлатӣ оид ба хоҷагии ҷангал ва ҳокимон вазифаи афзудани омодасозӣ ва расондани ниҳолҳои дарахтон мутобиқан ба махсусияти иқлимии ҳар як минтақа гузошта шуд. Дар назди кумита корхонаи воҳиди «Яшил ҳудуд» ва дар ҳар як вилоят филиалҳои он ташкил хоҳанд гардид.

    Нақши муҳими Кумитаи экология дар татбиқи мақсадҳое, ки дар назди соҳа қарор дорад, таъкид гардида, ба ногузирии таҷдиди назар намудани сохтор, ваколат ва масъулияти он ишора гардид.

    Инчунин масъалаҳои нав кардани шабакаҳои обрасонӣ баррасӣ гардид. Ба ҳокимон дар иртибот бо сохтмони шабакаҳои обёрӣ, чоҳ, татбиқи обшории қатрагӣ супориш дода шуд.

    Инчунин чораҳо дар бобати инкишофи тайёр намудани ниҳолҳо, хусусан навъи дарахтоне, ки чандон ниёз ба об надоранд, муайян карда шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates