Санги асосии таҳкурсии фабрикаи нави тозакунии мис гузошта шуд

    Ҳукумат 29 Iyul 2021 6480

    Дар комбинати маъдани куҳии Олмалиқ маросими тантанавӣ бахшида ба оғози сохтмони фабрикаи сеюми тозакунии мис баргузор гардид.

    - Ҳамаи шуморо бо рӯйдоди фараҳбахши имрӯза - оғози сохтмони фабрикаи нави тозакунии мис дар Комбинати маъдани куҳии Олмалиқ самимона табрик мегӯям, -- гуфт Президент Шавкат Мирзиёев. - Дар арафаи 30-умин солгарди истиқлолияти кишварамон мо бо умеди нек ба татбиқи чунин лоиҳаи бузург шурӯъ карда истодаем. Ин рӯйдоди муҳим далели равшани оғози давраи нав на танҳо дар ҳаёти комбинат, балки дар таърихи саноати ватанӣ мебошад.

    Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои охир фаъолияти комбинат ба сатҳи баландтарин баромада, истеҳсоли мис 1,5 баробар афзуда, ба 150 ҳазор тонна расид.

    Дар се соли охир дар конҳои комбинат 475 чоҳи дарозии умумиаш 206 ҳазор метр кофта шуд. Дар лабораторияҳои хориҷӣ зиёда аз 100 ҳазор намунаҳои маъдан аз ин конҳо ҳамаҷониба таҳлил карда шуданд. Тибқи меъёрҳои байналмилалии арзёбӣ захираи умумии мис 45 миллион тонна, захираи тилло -- беш аз 5 ҳазор тонна ҳисоб карда мешавад. Ин дар ҷаҳон баландтарин нишондиҳанда мебошад.

    Инчунин муайян карда шуд, ки маъдани дар ин ҷо истихроҷшаванда нуқра, молибден, селен, теллур, рений ва дигар маъданҳои нодир дорад.

    Имрӯзҳо дар ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба "иқтисоди сабз", манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзоиш ёфта, саноати электротехникӣ босуръат рушд мекунад. Дар натиҷа, чи хеле ки пешгӯӣ карда мешавад, то соли 2030 талабот ба мис ҳадди ақалл 40 дарсад меафзояд. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҷаҳон талабот ба маҳсулоти комбинати Олмалиқ дар тӯли солҳои зиёд бемайлон зиёд хоҳад буд.

    Аз ин рӯ дар мамлакати мо ба васеъ кардани истихроҷи металлҳои ранга ва қиматбаҳо диққати калон дода мешавад.

    Яке аз қадамҳои пешрафт дар ин самт бунёди фабрикаи сеюми тозакунии миси арзишаш 2 миллиард доллар дар пойгоҳи кони "Ёшлик-1" хоҳад буд. Дар марҳилаи аввал ин корхона дар як сол 60 миллион тонна маъданро коркард хоҳад кард.

    Дар марҳилаи дуюм, иқтидори коркард ба 160 миллион тонна хоҳад расид, ки ин нисбат ба имрӯз 3 маротиба зиёд аст. Дар натиҷаи татбиқи ин ду марҳила, то соли 2028 корхона иқтидори солонаи истеҳсоли 400 ҳазор тонна мис, 50 ​​тонна тилло ва 270 тонна нуқраро хоҳад дошт.

    Ҳамин тариқ, комбинати Олмалиқ ба яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи саноати маъдани куҳӣ табдил хоҳад ёфт.

    - Дар оянда ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона беш аз се маротиба афзоиш ёфта, арзиши он аз 2,5 миллиарди ҳозира то ба 8 миллиард доллар хоҳад расид. 11 ҳазор ҷойҳои нави кории баландтехнологӣ пайдо мешаванд.

    Ин дастрасии ҷавонони моро ба чунин касбҳои муосир, аз қабили геолог, муҳандис, технолог, дизайнер, барномасоз ва ғайра васеъ мекунад.

    Ноил гардидан ба ин нақшаҳои азим қадами воқеан инқилобӣ хоҳад буд, - таъкид намуд Президент.

    Сарвари давлат инчунин ба дурнамои рушди саноати маъдани куҳӣ дахл кард.

    Аз соли оянда иктишофи геологӣ пурра ба стандартҳои байналмилалии JORC гузаронида мешавад. Дар 5 соли оянда ҳаҷми истихроҷ ва коркарди маъдан аз ҳисоби тамоми лоиҳаҳои кишвар дар як сол аз 130 миллион тонна ба 300 миллион тонна хоҳад расид.

    Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои Канада, Фаронса, Ҷопон, Туркия, Чин ва дигар кишварҳо дар самти иктишофи геологӣ ва коркарди конҳо дар кишвари мо кор мебаранд.

    Президент қайд кард, ки имкониятҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар ин самт минбаъд низ васеъ хоҳанд шуд.

    Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои андоз барои истихроҷи мис ва тилло аз 10 то 7 фоиз, гази табиӣ ва нафт - то 10 фоиз, уран - то 8 фоиз, волфрам - аз 10 то 2,7 фоиз коҳиш дода шаванд. Чунин шароит боиси таваҷҷӯҳи зиёди сармоягузорон мегардад.

    Бо мақсади бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳа дар Тошканд филиали геологии Донишгоҳи Пизан (Италия) кушода мешавад.

    Дар маросим муовини раиси раёсати Газпромбонк Алексей Матвеев, директори ширкати SRK Consulting дар Осиёи Марказӣ Майк Бир, геологҳо ва металлургҳо, намояндагони насли калонсол ширкат варзиданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев санги аввали таҳкурсии фабрикаи сеюми тозакунии мисро гузошт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates