Хиёбони дарозиаш 11 километр ва бараш 86 метр дар солҳои охир ба яке аз бузургтарин ташаббусҳои инфрасохторӣ табдил ёфт. Аз васеъ шудани шаҳр ва афзоиши иқтидори сайёҳии вилояти Тошканд ба назар мерасад, ки ояндаи он низ умедбахш аст.
Мувофиқи қарори сарвари давлат аз 30 июни соли 2022 дар кӯча бунёд намудани маркази тиҷоратӣ ва инфрасохтори ривоҷёфтаи наздироҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои амалӣ гардондани ин вазифаҳо дирексияи махсус ташкил карда, консепсияи меъморӣ тартиб дода шуд.
Мувофиқи лоиҳа дар ду тарафи кӯча биноҳои истиқоматии замонавии бо услуби миллӣ сохташуда, инчунин меҳмонхонаҳо, маҷмааҳои савдою фароғатӣ ва хидматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд. Боғҳо, пайроҳаҳои пиёдагардон ва велосипедронӣ, ки барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити мусоид фароҳам меоваранд, ташкил карда мешаванд.
Ғайр аз ин, дар қад-қади кӯча аэропорти «Тошканд – Шарқ» ва шаҳраки олимпӣ, ки ҳоло бунёд мегарданд, ҷойгир хоҳанд шуд. Сарвари давлат дастур дод, ки ба кабудизоркунии атрофи ин иншоотҳо ва роҳҳои шафати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Зимни боздид пешниҳодҳо оид ба тарҳрезии ландшафтҳои кӯча баррасӣ шуданд. Мувофиқи лоиҳа дар шафати кӯчаҳо дарахту буттаҳои ороишӣ аз қабили чинор, булут, дарахти лола, каталпа, олуи писардия, сарв, ёсии ҳиндӣ, лаванда ва садбарги сурӣ шинонда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки дар назди аэропорт ду фаввора сохта шавад. Умуман ин ҳудуд як қисми «камарбанди сабз»-и Тошканд хоҳад шуд.
Президент оид ба композитсияи ландшафт тавсияҳои худро баён намуда, таъкид кард, ки дар ин ҷо экология ва унсурҳои фарҳангӣ ҳамоҳанг омезиш ёфта, барои шаҳрвандон ва сайёҳон фазои беназир фароҳам оварда шавад.