Дар кӯчаи Ӯзбекистони Нав роҳи зеризаминии автомобилгард кушода шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев аз роҳи зеризаминии автомобилгард, ки дар кӯчаи Ӯзбекистони Нави пойтахт бунёд ёфтааст, боздид ба амал овард.

    Рушди инфрасохтори роҳ ва фароҳам овардани шароит барои ҳаракати васоити нақлиёт ҷараёни доимист. Ин махсусан барои шаҳри Тошканд, ки шумораи аҳолӣ афзуда, масоҳаташ васеъ мешавад, масъалаи муҳим аст.

    Бахусус, дар солҳои охир дар кӯчаи Ӯзбекистони Нав боғи истироҳатӣ, манзилҳои истиқоматӣ, донишгоҳ ва шаҳраки Олимпӣ бунёд ёфтанд. Ин кӯча дар оянда ба яке аз роҳҳои асосӣ табдил хоҳад ёфт, ки ба шаҳри Тошканди Нав мебарад.

    Аз ин рӯ, дар тӯли кӯчаи Ӯзбекистони Нав роҳи зеризаминии автомобилгард бо дарозии 468 метр ва паҳноии 25 метр бунёд гардид. Дар ин роҳ дар як соат зиёда аз 10 ҳазор воситаи нақлиёт метавонад ҳаракат кунад.

    Қисми болои он ба минтақаи сабз табдил дода шуда, ҳаракати бехатари пиёдагардон дар байни боғи “Ӯзбекистони Нав” ва шаҳраки Олимпӣ таъмин карда шуд.

    Инчунин, дар ин самт нақб ва истгоҳи метро, ки дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст, низ бунёд гардид.

    Бояд гуфт, ки дар ҳар як лоиҳаи дар мамлакат татбиқшаванда ба ҷанбаҳои экологӣ диққати махсус дода мешавад. Роҳи зеризаминии автомобилгарде, ки дар кӯчаи Ӯзбекистони Нав бунёд шудааст, вақти ҳаракати мошинҳоро ду баробар коҳиш дода, ҳамарӯза барои сарфа шудани 1 тонна сӯзишворӣ ва ба миқдори 2 тонна кам шудани ҳаҷми газҳои зарарноки ба атмосфера партобшаванда мусоидат мекунад.

    Сарвари давлат ба ташкили роҳи зеризаминии автомобилгард дар асоси стандартҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зикр гашт, ки чунин роҳҳои ҳамвор барои мардум шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди сайёҳӣ низ саҳм мегузорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates