Ин маҷмаа бо дарназардошти ҳалли муосири шаҳрсозӣ ташкил ёфта, ба беҳтар гардондани сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Хонаҳои бисёрқабатаи нав, ҳавлӣ ва фазои ҷамъиятии муҷаҳҳаз симои ноҳияро ба таври назаррас дигаргун кардаанд.
Дар масоҳати умумии 18 гектар 54 бинои панҷқабатаи дорои 1 400 хона сохта шудаанд.
Мавзе на танҳо бо меъмории муосир, балки бо инфрасохтори хуби барномарезишуда низ фарқ мекунад. Ҳар як бино бо шабакаҳои муҳандисии муосир муҷаҳҳаз шудааст, инчунин дар атрофи онҳо майдончаҳои бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳҳо ташкил гардидаанд.
Ба ташкили инфрасохтори савдо таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Дар маркази мавзе бозори экологии сеқабата бунёд ёфтааст, ки ба деҳқонони маҳаллӣ имкон медиҳад маҳсулоти худро бевосита ба истеъмолкунандагон пешкаш намоянд. Ин, аз як тараф, сифати баланд ва, аз тарафи дигар, нархҳои дастрасро таъмин менамояд. Дар ин бозор 640 ҷои корӣ таъсис ёфтааст.
Президент бо шароити бозор шинос шуда, бо фурӯшандагон ва харидорон суҳбат анҷом дод.
– Бозор нишонаи фаровонӣ, некӯаҳволӣ ва фарҳанги халқ аст. Хушоянд аст, ки дар Яккабоғ чунин фазои обод офарида шудааст. Қобилияти харидорӣ меафзояд, фарҳанги истеъмол рушд мекунад. Аз ин рӯ, чунин марказҳои муосири савдо бояд дар дигар ҷойҳо низ фаъолона ривоҷ дода шаванд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Муносибати экологӣ сазовори диққати махсус мебошад: биноҳо бо панелҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин боиси самаранокии энергетикӣ ва устувории экологӣ мегардад.
Дар мавзе тамоми шароитҳо барои истироҳат ва фароғати фаъолонаи сокинон, махсусан кӯдакон ва ҷавонон муҳайё гардидаанд. Минтақаҳои сайругашт, боғчаи бачагон, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои солимгардонӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар доираи консепсияи ягона ташкил шудаанд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар асоси ин консепсия марказҳо ва мавзеҳои дигар ноҳияҳоро низ рушд диҳанд.