Дар таҳририяҳои рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» ва «Правда Востока» шуъбаи матбуоти Донишгоҳи миллӣ кушода мешавад

    Қарори Сарвари давлат аз 27 июни соли ҷорӣ “Дар бораи чораҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика” дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки дар соҳаи журналистика кадрҳо тайёр мекунанд, вазифаҳои муайян гузошт.

    Аз ҷумла, дар ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ аҳамияти таъмини ҳамоҳангии назария ва амалия бо роҳи ташкили кафедраҳои дахлдори тахассусии донишгоҳҳо дар таҳририяҳои ВАО, мусоидат ба ташаккули мутахассисони оянда дар муҳити таҳририя қайд шудааст.

    Бо мақсади таъмин намудани иҷрои вазифаҳои дар боло зикршуда дар байни таҳририяҳои рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» ва «Правда Востока» ва Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаҳо С М. Дониёров, ректори донишгоҳ И. Маҷидов ва дигарон иштирок карданд.

    — Рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» ва «Правда Востока» барои донишҷӯёни мо, ки дар самтҳои дахлдор таҳсил мекунанд, нақши манбаи услубиро мебозанд. Дар журналистони оянда баъди мутолиаи рӯзномаҳо ва шинос шудан бо мазмуну моҳияти он бинобар ихтисоси интихобкардаашон мафҳуми амалӣ ташаккул меёбад, — мегуяд ректори донишгоҳ И.Маҷидов. — Имзои шартномаи байни редаксия ва донишгоҳ барои хар ду тараф фоиданок аст. Барои мо ин дар он ифода меёбад, ки донишҷӯён дар редаксия таҷриба омӯхта, дониши назариявии худро мустаҳкам мекунанд. Ва дар идора имконияти васеъ гардондани сафи кадрҳо аз ҳисоби таҷрибаомӯзони бехтарин фароҳам оварда мешавад.

    Мувофиқи шартнома дар бинои идора шӯъбаи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон кушода мешавад. Барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ нақшаи кор тартиб дода мешавад. Ва муҳаррирони пуртаҷриба, дизайнерҳо ба раванди таълим асосан барои гузарондани машғулоти амалӣ даъват карда мешаванд. Барои аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо рафти ба чоп тайёр кардани рӯзнома шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

    Дар асоси малака, шавқу ҳавас ва истеъдоди андӯхташуда мутахассисони оянда бинобар самтҳои дахлдор ба кормандони таҳририя вобаста карда мешаванд. Бешубҳа, донишҷӯе, ки дар муҳити редаксия ба воя расида, аз рӯи ихтисоси интихобкардаи худ малакаи муайян пайдо кардааст, пас аз хатми мактаби олӣ ба осонӣ ба кор шурӯъ мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates