Ин маскан, ки дар соҳили дарёи Угам мавқеъ дорад, пештар пурра истифода намешуд ва санглох буд. Имсол дар доираи лоиҳае, ки арзишаш беш аз 1 триллион сӯм аст, қариб дар 14 гектар майдон корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт. Ҳоло 17 бинои серошёна қад рост мекунад. Онҳо 5, 6 ва 7 ошёна буда, аз 870 хонадон иборатанд.
Инчунин, 16 коттеҷ, 3 ресторан, беш аз бист маркази савдо ва растаҳои хидматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд. Майдончаҳои бозии кӯдакон, ҳавзи пӯшидаи шиноварӣ, майдончаҳои фитнес ва варзишӣ, автоистгоҳ, пули нақлиётӣ, пайроҳаҳои кӯҳӣ ва соҳилӣ ташкил мегарданд.
Маҷмааи нав бо ин шароитҳои мусоид метавонад соле ба 200 ҳазор нафар меҳмонон хидмат расонад. Ин иқтидори туристии ноҳияро боз ҳам афзун менамояд. Марҳилаи аввал – дар аввали соли оянда ба истифода супоридани биноҳои истиқоматӣ дар назар аст.
Сарвари давлатамон аз яке аз ин хонадонҳо дидан кард.
Сайёҳон бештар табиати зебо ва ҳавои тозаро меҷӯянд. Бо назардошти ин, дар дарахтзори мавҷуда ба таври илова 20 ҳазор бех ниҳол шинонда мешавад. Бо истифода аз технологияи муосир ҳамарӯза 1 ҳазор метри мукааб оби дарё коркард мегардад. Системаи гармидиҳӣ ва хунуккунии термали 2 мегаватт гузошта мешавад.
Президентамон ба масъулини соҳа ҷиҳати вусъат бахшидан ба таблиғи минтақа ва ҷалби сайёҳон ба чунин масканҳо супоришҳо дод.
Ба туфайли лоиҳаҳои сайёҳӣ ҷойҳои корӣ зиёд мешаванд. Ҳамзамон, зарурати ҳифз кардани касбу ҳунарҳои суннатии мардум таъкид гардид. Масалан, ноҳия барои парвариши асалу лимон мувофиқ аст. Ривоҷдиҳии онҳо аз ҷиҳати ҳифзи муҳити табиӣ низ муҳим аст.