Дар ин бора Euronews хабар медиҳад.

Созишномаи логистикаи ҳарбӣ бояд пеш аз эътибор пайдо кардан аз ҷониби қонунгузорони Ҷопон тасдиқ карда шавад.

Ин паймони мудофиавӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ аз муҳиммоти ҷангӣ, сӯзишворӣ, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурӣ андоз ситонида нашавад. Ин шартнома дар заминаи афзоиши танишҳо дар равобити Токио бо Чин, пас аз изҳороти ахири нахуствазир Санаэ Такаити, ки гуфта буд амалҳои эҳтимолии Пекин алайҳи Тайван метавонанд боиси дахолати Ҷопон гарданд, ба имзо расид.

Токио ва Манила ҳамчунин бо Чин дар баҳрҳои Шарқи Чин ва Ҷануби Чин баҳсҳои ҷудогонаи ҳудудӣ доранд, ки рӯ ба шиддат ёфтан оварда, хатари ҷалби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро низ ба миён меоранд.

Ба гуфтаи мансабдорони ҷопонӣ ва филиппинӣ, паймони нав ба ҳар ду кишвар дар вокуниш ба офатҳои табиӣ, ки мушкили умумӣ мебошад, инчунин дар иштирок дар амалиётҳои сулҳпарваронаи СММ кӯмак хоҳад кард, хабар медиҳад tengrinews.kz.