Гуфта мешавад, ки Агентии муҳоҷират бо “Japan-China-Asia Medical Educational Cultural Exchange General Incorporated Association” (JCAEMCE) созишномаи ҳамкорӣ имзо намуда, «Лоиҳаи ҷалби 10 ҳазор мутахассиси ӯзбекистонӣ ба Ҷопон»-ро оғоз бахшиданд.
Дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Намангон курсҳои “Yapon Mahorat Nuri” оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ва малакаҳое, ки барои омодагӣ ба имтиҳонот ва пайдо кардани кор заруранд, кушода мешаванд.
Илова бар ин, тавассути платформаи махсуси онлайни WiseBridge имкони мустақилона пайдо кардани ҷойҳои кории холӣ дар Ҷопон ва мулқоти бевосита бо кордиҳандагон фароҳам мегардад. Платформа моҳи июни соли 2025 ба кор шурӯъ мекунад.









