Ҷопон барои рушди соҳибкории занон ба Ӯзбекистон 2,7 миллион доллар ҷудо мекунад

    Ҳукумати Ҷопон барои рушди соҳибкорӣ дар байни заноне, ки ба "дафтари занон" дохил карда шудаанд, 2,7 миллион доллар ҷудо мекунад. Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маҳалла ва дастгирии оила бо кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

    Созишномаи грантӣ барои татбиқи ин лоиҳа 27 июли соли равон бо иштироки вазири дастгирии маҳалла ва оила Раҳмат Маматов, роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон Марко Мантованелли ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон ба Ӯзбекистон Ёшинори Фудзияма имзо шуда буд.

    Лоиҳа аз ҳисоби гранте, ки Фонди рушди иҷтимоии (JSDF) Ҷопон пешниҳод намудааст, маблағгузорӣ хоҳад шуд ва аз соли 2021 то 2024 як қатор ноҳияҳои дурдасти деҳоти вилоятҳои Фарғона ва Ҷиззахро фаро мегирад.

    Марҳилаи аввал 3,5 ҳазор занонро фаро мегирад, ки онҳо малакаҳои саводнокӣ ва молиявиро омӯхта метавонанд. Дар марҳилаи дуввум онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд.

    Барои татбиқи 350 лоиҳаи тиҷорӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар грантҳо ҷудо карда мешаванд. Ғояҳои тиҷоратӣ, ки дастгирии молиявии хориҷиро нагирифтаанд, метавонанд ба кӯмаки бонкҳои маҳаллӣ умед банданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати дастгирии маҳалла ва оила.

    Лоиҳа минбаъд ба ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар самти дастгирии занони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманди мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates