Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 миллиард доллар ё 16,1 фоиз зиёдтар аст.

Дар ҳаҷми муомилоти хориҷии савдои Ӯзбекистон:

содирот — 16,9 миллиард,

воридот — 20,1 миллиардро ташкил додааст.

Ӯзбекистон бо 194 кишвари ҷаҳон муносибатҳои савдоӣ ба роҳ мондааст.

Ҳаҷми бештари муомилоти хориҷии савдо бо кишварҳои зерин сабт шудааст:

Чин — 17,7%,

Русия — 16,3%,

Қазоқистон — 6%,

Туркия — 3,6%,

Ҷумҳурии Корея — 2,3%.