Дар Зарафшон истеҳсоли оина маҳаллӣ гардонда шуд

    Ҳукумат 25 Noyabr 2022 9443

    Ҳангоми сафари Президент ба вилояти Навоӣ маросими тантанавӣ бахшида ба роҳандозии корхонаи «Зарафшон оина» баргузор гардид.

    Шиша дар саноат, сохтмон ва маишат зиёд истифода мегардад. Аз он ҷумла, талабот ба шишаи сохтмон дар мамлакатамон соле 38 миллион метри квадратро ташкил менамояд.

    Вилояти Навоӣ захираи зиёди санги ороишӣ, реги квартс, базалт ва каолин мебошад.
    Аз ин боис ҳангоми сафар ба минтақа соли 2018 роҳбари давлат дар бораи роҳандозии истеҳсоли шиша супориш дода буд. Дар натиҷа лоиҳа ба миқдори 250 миллион доллар ба амал татбиқ гардид.
    Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш кард ва корхонаи «Зарафшон оина»-ро ба кор андохт.

    – То ҳанӯз чунин корхона дар Фарғона ва Ҷиззах вуҷуд дошт. Ҳоло сафи онҳоро корхонаи таъсисёфтаи «Зарафшон оина» пур месозад, ки ба истеҳсоли номгӯйи васеи маҳсулот ихтисос ёфтааст. Мо боварӣ дорем, ки дар оянда он васеъ мегардад ва ба халқамон хидмат менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
    Иқтидори солонаи корхона 12 миллион метри мураббаъро ташкил менамояд. Маҳсулот ҳам барои содирот ва ҳам барои иваз намудани воридот муқаррар гаштааст. Дар ин ҷо 700 нафар кор мекунанд.

    Дар маросим алоқаи видеоӣ бо корхонаи «Мармаробод» дар шаҳри Ғазғон барқарор шуда буд, ки он ба истихроҷ ва коркарди мармар ва гранит ихтисос ёфтааст. Корхона бо таҷҳизоти Чин ва Эрон муҷаҳҳаз мебошад, аз ин мамлакатҳо муҳандисон ва мутахассисон ҷалб гаштаанд. Дар корхона 300 нафар кор мекунад.

    Роҳбари давлат бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гидро станко сервис» дар шаҳри Навоӣ шинос гардид.

    Вилояти Навоӣ минтақаи саноаташ рушдёфта ба шумор меравад. Дар ин ҷо корхонаҳои зиёди маъдани кӯҳ, филизӣ, кимёӣ, энергетикӣ мавҷуд. Барои кори онҳо ва умуман кори саноат ва хоҷагии қишлоқи мамлакат мошин лозим мебошад.

    Маҳз маҳсулоти мошинсозӣ дар корхонаи «Гидро станко сервис» ба роҳ андохта шудааст. Ба туфайли ҳамкорӣ дар ин ҷо истеҳсоли беш аз 100 дастгоҳ ва беш аз 1000 қисми эҳтиётӣ маҳаллӣ гардонда шудааст. Дар натиҷа соли 2021 имкон ба вуҷуд омад, ки беш аз 12 миллион доллар сарфа карда шавад. Интизорӣ меравад, ки то охири соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот дар дараҷаи 23 миллион доллар қарор меёбад.

    Дар корхона дастгоҳҳои Олмон, Туркия, Италия ва Чин устувор карда шудааст. Дар ин ҷо 370 нафар бо кор таъмин гаштааст.

    Ҳоло дар корхона дар бобати ба вуҷуд овардани сехи рехтагарӣ ва вусъат додани номгӯйи маҳсулот кор пеш бурда мешавад.
    Президент ба шахсони масъул баланд бардоштани маҳаллисозиро супориш дод.
    Ҳоло ҳозир дар доираи барномаи маҳаллисозӣ дар вилояти Навоӣ 113 лоиҳа қариб ба ҳаҷми 1 триллион сӯм ба амал татбиқ мегардад. Дар натиҷа аллакай соли ҷорӣ имкон ба вуҷуд меояд, ки воридот ба 100 миллион доллар кам карда шавад.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates