Мо тарафҳои даргирро даъват мекунем, ки ба қурбонии байни аҳолии осоишта роҳ надиҳанд ва аз ба кор бурдани нерӯ худдорӣ кунанд.
27 июни соли равон гурӯҳи 44-нафараи хидматчиёни ҳарбии қӯшуни марзӣ ва муборизони сарбози халқии Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шӯртепа сарҳади давлатии Ӯзбекистонро вайрон карданд. Як рӯз пеш, 26 июни соли равон дар ин қисмати марз далели ворид шудани 3 намояндаи нерӯҳои қуввагии кишвари ҳамсоя ба қаламрави Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ба ватани худ баргардонда шуданд.
Чунин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъӣ бартараф карда мешавад.
Давлати Ӯзбекистон ба таври қатъӣ изҳор мекунад, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон, нигоҳ доштани бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояро риоя мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.