Сарвари давлат кормандони комбинат, собиқадорони меҳнат ва шарикони хориҷиро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки солҳои охир дар кишвар барои ба сатҳи нави технологӣ баровардани соҳаи маъдани кӯҳӣ пайгирона ислоҳоти густурда амалӣ карда мешавад.

Дар даҳ соли охир ба соҳа тақрибан 2 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 31 иқтидори бузурги истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба шарофати фароҳам овардани шароити мусоид барои бахши хусусӣ шумораи корхонаҳои соҳа аз 150 адад гузашт.

Дар ин давра ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти металлӣ дар кишвар ба 3 миллион тонна ва арзиши он ба 23 триллион сӯм расид. Барои муқоиса, соли 2016 ҳамагӣ 800 ҳазор тонна маҳсулот ба маблағи 1,5 триллион сӯм истеҳсол шуда буд.

Агар пештар соҳа асосан маҳсулоти прокати металлиро барои бахши сохтмон истеҳсол мекард, имрӯз он 80 намуди маҳсулоти нави металлӣ барои соҳаҳои босуръат рушдёбанда, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати электротехникӣ, мудофиа ва энергетика истеҳсол мекунад.

Президент таъкид намуд, ки меҳнати металлургҳо дар ташаккули симои муосири Ӯзбекистони Нав, татбиқи лоиҳаҳои бузурги созанда ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт нақши муҳим дорад.

Зикр шуд, ки пешбинӣ шудааст иқтисоди кишвар ба модели рушди технологию инноватсионӣ гузаронида, ҳаҷмим маҳсулоти дохилӣ то соли 2030 ба 240 миллиард доллар расонида шавад.

Дар панҷ соли оянда ба иқтисодиёт ҷалби 180 миллиард доллар сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба маблағи 27 миллиард доллар, инчунин бунёди манзилҳои бисёрошёна барои 800 ҳазор оила дар назар аст.

Ин ҳадафҳои бузург талабот ба маҳсулоти металлӣро нисбат ба сатҳи имрӯза 1,5 баробар зиёд хоҳанд кард.

Дар ин замина нақши Комбинати металлургии Ӯзбекистон, ки дар он зиёда аз 5,5 ҳазор корманди соҳибтаҷриба фаъолият доранд, махсус таъкид гардид.

Маҷмааи нави рехтагарӣ ва прокат имконият медиҳад, ки технологияҳои каммасрафи энергетикӣ ва ҳалли рақамӣ ҷорӣ гардида, ҳосилнокии меҳнат ва сифати маҳсулот ба сатҳи нав бардошта шавад.

Ин маҷмаа ҳамчун аввалин лоиҳаи кишвар оид ба истеҳсоли прокати варақаҳои гармипӯлодӣ ба таърих ворид мегардад.

Пас аз ба истифода додани он ҳамасола 1 миллион тонна варақаҳои гарми прокатшуда ба маблағи умумии 8 триллион сӯм истеҳсол хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад талаботи корхонаҳои металлургии Тошканд ва Самарқанд ба чунин маҳсулот пурра таъмин гардад. Ҳамчунин 1 ҳазору 200 ҷойи кори сердаромад таъсис дода мешавад.

Сарвари давлат ба сохтмончиён, муҳандисон, технологҳо, мошинистон, коргарону хидматчиён, собиқадорони меҳнат ва шарикони хориҷӣ, ки дар бунёди маҷмаа саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни маросими тантанавӣ инчунин нақшаҳои минбаъдаи рушди Комбинати металлургии Ӯзбекистон муайян шуданд.

Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷа пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти комбинат аз ҳисоби ашёи хоми ватанӣ мебошад. Дар кишвар захираи 1,5 миллиард тонна маъдани оҳан мавҷуд аст.

Дар се-чор соли наздик бо ба истифода додани кони «Тебинбулоқ» ҳаҷми истеҳсоли пӯлод то 1 миллион тонна дар як сол расонида мешавад.

Ҳамчунин тавассути ғанисозии маъдани кони «Сурун-ота» истеҳсоли солонаи 600 ҳазор тонна ашёи хоми маъдани оҳан ба роҳ монда мешавад. Барои коркарди он дар ҳудуди комбинат сохтмони як корхонаи муосири металлургӣ бо арзиши 180 миллион доллар оғоз мегардад.

Дар се соли оянда аз ҳисоби сармоягузории 30 миллион доллар хатҳои истеҳсоли тӯбҳои пӯлодин марҳила ба марҳила навсозӣ шуда, иқтидори онҳо аз 250 ҳазор то 500 ҳазор тонна дар як сол зиёд карда мешавад.

Илова бар ин, дар ҳудуди комбинат «Парки саноатии технологияҳои экологии Ӯзбекистон» таъсис дода мешавад.

Ҳанӯз имсол дар ин парк татбиқи 6 лоиҳа бо арзиши умумии 70 миллион доллар оид ба истеҳсоли қубурҳои диаметрашон калон, кранҳои пулӣ ва таҷҳизоти филтратсионӣ оғоз меёбад. Татбиқи онҳо боз 660 ҷойи кори сердаромад фароҳам меорад.

Президент таъкид кард, ки металлургия соҳаи пурмашаққат, вале бисёр шарафманд буда, меҳнати содиқона ва фидокоронаи кормандони комбинат сазовори эҳтиром ва эътирофи баланд аст.

Зикр гардид, ки дониш, таҷриба ва маҳорати баланди мутахассисони комбинат, ки бар пояи анъанаҳои қариб садсолаи устодию шогирдӣ ташаккул ёфтааст, барои бисёр коллективҳои меҳнатӣ намунаи ибрат мебошад.

Дар анҷом Сарвари давлат тугмаи рамзиро пахш намуда, ба фаъолияти маҷмааи нави рехтагарӣ ва прокат расман оғоз бахшид.

Пас аз он бо собиқадорони соҳа, кормандони комбинат ва шарикони хориҷӣ суҳбати самимӣ баргузор гардид.