Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои “PASHA Holding”, “Neqsol Holding”, “AzerGold”, инчунин, Бонки байналмилалии Озарбойҷон низ иштирок намуданд.

Дар оғози суҳбат Али Асадов ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонид.

Роҳбари кишварамон, дар навбати худ, халқи Озарбойҷонро ба муносибати ҷашни Рӯзи наҷоти миллӣ, ки дирӯз баргузор гардид, табрик гуфт.

Масъалаҳои муҳими густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Равобити фаъолона дар ҳамаи сатҳҳо бо қаноатмандӣ зикр гардид. Аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол 40 фоиз афзудааст. Дар соҳаҳои сохтмон, энергетика, саноати кӯҳкорӣ, геология, логистика, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо лоиҳаҳои ҳамкорӣ бомуваффақият амалӣ мешаванд.

Ҳукуматҳои ду кишвар аҳамияти ҳамаҷониба ва босифат омода кардани рӯзномаи иқтисодии ҳамоиши навбатии сатҳи олиро таъкид намуданд.

Дар ин замина таъмини натиҷабахш гузаронида шудани ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми минтақаҳо муҳим арзёбӣ гардид.