Бо қаноатмандӣ суръати баланди ҳамкории амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, кооператсияи саноатӣ, энергетика, нақлиёт, экология, кишоварзӣ ва хоҷагии об қайд гардид.

Махсусан мубодилаҳои фаъол дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуданд. Роҳбарон ҳамкории наздики миёни Маъмуриятҳои президентҳои ду кишвар роҳмондашудро истиқбол карданд, ки барои сари вақт амалӣ намудани созишҳо ва ғанӣ гардондани рӯзномаи шарикӣ бо лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нав хидмат мекунад.

Сарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон инчунин оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.