Дар ин ҷо бо дастгирии фонд IT-синфи «Zamin Education» бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи «Муҷаҳҳазсозӣ бо таҷҳизоти замионавии ёрирасон» дар 24 синфхона барои корҳои фронталӣ ва 12 синфхона барои дарсҳои инфиродӣ системаҳои муосири FM насб карда шуданд.
Мувофиқи лоиҳаи «Шунидан мехохам!» ҳамаи хонандагони мактаби Қаршӣ аз ташхис гузаштанд, ки пас аз он 413 нафар хонандагон ду дастгоҳи муосири рақамии шунавоӣ гирифтанд.
“Тамоми кӯшишҳои мо ба ояндаи насли нав нигаронида шудааст. Мақсади мо равшан аст, ки бачаҳо дониши амиқ гиранд, донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёт татбиқ намоянд ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд. Боварӣ дорам, ки дар роҳи таълим ягон менеа пеш нахоҳад омад ва дар оянда ба пирӯзиҳои бузург ноил мегардед", - гуфт Зироат Мирзиёева дар муроҷиаташ ба бачаҳо.