Дар ин бора агентии УзА бо истинод ба Бонки марказии кишвар хабар медиҳад.
Омили асосии афзоиши захираҳо болоравии назарраси арзиши тилло гардид — дар давоми сол қимати он 18,8 млрд доллар афзудааст.
Дар моҳи декабр афзоиши захираҳо идома ёфт: дар як моҳ ҳаҷми онҳо боз 5,079 млрд доллар зиёд шуд, ки имкон дод рекорди навбатӣ сабт гардад. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 арзиши умумии дороиҳои захиравӣ 66,3 млрд долларро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз оғози нашри омори захираҳои байналмилалии кишвар мебошад.
Ҳаҷми физикии тилло низ — ба андозаи 400 ҳазор унсияҳои тройӣ, то 12,6 млн унсияҳои тройӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дороиҳои асъорӣ низ зиёд шудаанд. Ҳаҷми захираҳо бо асъори хориҷӣ 829,1 млн доллар афзуда, ба 10,6 млрд доллар расид. Арзиши коғазҳои қиматноке, ки Бонки марказӣ харидорӣ кардааст, 503,3 млн доллар зиёд шуда, то 1,5265 млрд доллар расидааст.
Дар сохтори захираҳои байналмилалӣ ба поёни соли 2025:
– коғазҳои қиматнок 1,531 млрд долларро ташкил доданд (+5,3 млн);
– пули нақд ва пасандозҳо — 9,112 млрд доллар (+823,9 млн);
– дигар дороиҳо бо асъори хориҷӣ — 93,9 млн доллар (+21,8 млн), аз ҷумла пасандозҳое, ки ба дороиҳои расмии захиравӣ дохил намешаванд, ба маблағи 42,34 млн доллар ва тиллое, ки берун аз захираҳои расмӣ қарор дорад, ба маблағи 51,52 млн доллар.
Дар Бонки марказӣ ҳамчунин таъкид карданд, ки афзоиши захираҳои тиллою асъор ва расидан ба сатҳи рекордӣ дар соли 2025 барои таҳкими устувории иқтисодии Ӯзбекистон ва мавқеи он дар низоми молиявии байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.