Президенти Ӯзбекистон ба сохтмони аввалин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар технопарки Зомин оғоз бахшид

    Дар ҳамаи минтақаҳои мамлакати мо корхонаҳое барпо карда мешаванд, ки барои иқтисодиёт серталаб аст. Ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои саноат ва ниҳоят баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат мекунад.

    Аз ҷумла, дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми саноати коркарди маҳсулот дар вилояти Ҷиззах 1,6 баробар афзуда, танҳо соли гузашта ба 19 триллион сӯм расид. Ҳаҷми содирот 2,2 баробар афзуда, ба 202 миллион доллар расид.

    Ҳаҷми сармояи хориҷӣ низ сол то сол меафзояд. Агар соли 2018 ба вилоят ҳамагӣ 18 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шуда бошад, пас соли гузашта ин рақам қариб ба 700 миллион доллар расид. Дар вилоят 260 корхона бо сармояи хориҷӣ мавчуд аст.

    Дар ин муваффақият ҳар як ноҳия ҳиссаи калон дорад. Аз ҷумла, дар минтақаи Зомин дар чаҳорчӯби барномаҳои сармоягузорӣ дар панҷ соли охир ҳудуди 300 лоиҳа ба маблағи 1,8 триллион сӯм амалӣ гардида, беш аз се ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ба шарофати шароити мусоиди соҳибкорӣ шумораи субъектҳои соҳибкории хурд дар вилоят 4 баробар афзуд.

    Ба шарофати табиати зебои Зомин сайёҳӣ драйвери минтақа мегардад. Ба наздикӣ бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ минтақаи сайёҳии «Зомин» таъсис дода шуд.

    Бо ин маҳдуд нашуда, дар Зомин тараққиёти саноат оғоз ёфт. Ноҳия барои ин хеле мусоид аст. Он дар қисми марказии кишвари мо ҷойгир аст. Аз ин ҷо роҳи оҳан мегузарад. Фурудгоҳи Зомин ба наздикӣ васеъ гардонда ва аз нав сохта шуд.

    Ҳоло дар ин ноҳия якҷо бо ширкати чинии “Мингюан” минтақаи махсуси саноатии “Технопарк” ташкил карда мешавад.

    Ба ин мақсад 400 гектар замин ҷудо карда шудааст. Барномаи мақсадноки инфрасохтор тасдиқ карда, 160 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.

    Аллакай 30 лоиҳа ташкил карда шудааст. Сармоягузорони чинӣ ба онҳо 1,2 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард.

    Дар ҳудуд корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиашон баланд ва маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ки дар бозорҳои хориҷӣ талабот зиёд аст, таъсис дода мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаҳо дар соҳаҳои электротехника, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон, мебел, саноати хӯрокворӣ ва самти хидматрасонӣ татбиқ карда мешаванд.

    Дар натиҷа беш аз 5 ҳазор ҷойҳои корӣ созмон дода, 4,7 триллион сўмина маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда, 70 миллион долларина иқтидори содиротӣ офарида хоҳанд шуд.

    Дар ҳудуди парки технологӣ Маркази байналмилалии табодули таҷриба ва муҳандисӣ таъсис дода мешавад, ки дар он барои корхонаҳои саноатӣ мутахассисони соҳибихтисос омода карда мешаванд.

    Дар ин ҷо ҳамчунин маркази маъмурӣ, биноҳои истиқоматӣ, боғи экологӣ, толори бузурги намоишгоҳ ва маркази савдо бунёд хоҳанд шуд.

    Дар маросим Сарвари давлатамон тугмаи рамзиро пахш карда, ба сохтмони аввалин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар парки технологӣ оғоз бахшид.

    Ӯ ба соҳибкорон дар татбиқи ин тарҳҳои замонавӣ комёбӣ таманно намуд.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates