Пешгӯии обу ҳаво барои 14 май
Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, баъзе ноҳияҳоро тӯфони ғуборолуд фаро мегирад. Ҳарорат 32-37 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 38-39 дараҷа гарм мешавад.