Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, баъзе ноҳияҳоро тӯфони ғуборолуд фаро мегирад. Ҳарорат 32-37 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 38-39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз, 13 майи соли 2024, соати 11:44 ба вақти Тошканд дар Ӯзбекистон заминларза рух дод. Маркази заминларза дар Қирғизистон воқеъ будааст. Масофа то Тошканд дар самти шимолу шарқ 208 километр аст.
Имрӯз рӯзона дар саросари Ӯзбекистон борон меборад, дар баъзе ҷойҳо борон шадид шуда, раъду барқ ба амал меояд. Дар вилоятҳои водии Фарғона шомгоҳон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм бориш ба назар гирифта нашудааст.
Имрӯз ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм боришоти кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз, 6 май, соати 10:41 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминларза рух дод. Маркази заминларза дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд воқеъ буд.
Имрӯз рӯзона дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё ва Сурхондарё бориш пешбинӣ нашудааст, дар ҳудудҳои боқимондаи ҷумҳурӣ нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ мешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз рӯзона дар вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарё, нимаи дуюми рӯз дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Тошканд, Сирдарё дар баъзе ҷойҳо борон меборад, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои боқимонда ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилоятҳои водии Фарғона борони кӯтоҳмуддат меборад, дар вилояти Тошканд дар нимаи дуюми рӯз эҳтимол борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал ояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар шимолу ҷануб ва биёбон бо суръати то 15-20 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз рӯзона дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё, нимаи дуюми рӯз дар вилоятҳои Қашқадарё, Сурхондарё ва вилоятҳои водии Фарғона, субҳи имрӯз дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ борон меборад, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.