Аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2024 музди меҳнат дар Ўзбекистон ба ҳисоби миёнаи солона 19,8 фоиз афзуда, 4 миллиону 920 ҳазор сўмро ташкил дод. Аз рӯи афзоиши музди номиналӣ вилояти Андиҷон – 25,2 фоиз, шаҳри Тошканд – 22,3 фоиз ва вилояти Фарғона – 21,5 фоиз пешсафанд.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон 15,8 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 6,2 фоиз зиёд мебошад. Содирот 6,4 миллиард долларро (+10,0%) ва воридот 9,4 миллиард долларро (+3,8%) ташкил дод.
Дар доираи ин миссия вохӯрии ҳайати вакилон таҳти роҳбарии иқтисодчии калони Раёсати даромадҳои ХБА Винсент де Пол Кукпайзан ва роҳбарияти Кумитаи андоз баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаи "Муҳоҷирати бехатари шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Бритониёи Кабир" Бонки марказӣ якҷоя бо Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 150 нафар муҳоҷири корӣ, ки тибқи барномаҳои мавсимии шуғли корӣ ба кор мераванд, омӯзиши саводнокии молиявии пеш аз сафар гузаронида шуд.
Ин қарор аз ҷониби Агентии миллии лоиҳаҳои истиқболноки Ӯзбекистон, ки барои такмил додани низоми танзими гардиши крипто активҳо масъул аст, қабул шудааст.
Бонки аврупоии таҷдид ва тушд (БАТР) ба ширкати "Uzbek Leasing International" дар чаҳорчӯби барномаи “Зан дар тиҷорат" дар Осиёи Марказӣ (CA WiB) 6 миллион доллар қарз ҷудо кард. Дар ин бора хидмати матбуоти ширкат хабар дод.
Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ (ITFC) ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 715 миллион доллар қарз дод. Ин маблағ барои дастгирии кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ ва бахши тиҷорати хурду миёнаи кишвар масраф мешавад.
Дар Бонки марказӣ бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи барномаи навбатии Бонки ҷаҳонӣ оид ба ислоҳсозии бахши молиявии Ӯзбекистон мулоқот ба амал омад.
Раиси Кумитаи андоз Шерзод Кудбиев бо директори савдои электронии гурӯҳи тиҷоратӣ ва сервисҳои логистикии Yandex Даниил Шулейко мулоқот кард.
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо Ӯзбекистон созишномаи қарзӣ оид ба ҷудо кардани то 245 миллион доллар қарз барои барномаи дастгирии иқтисоди устувор ва рушди иҷтимоӣ ба имзо расонд. Дар ин бора хидмати матбуоти агентӣ хабар медиҳад.