Мулоқоти ҳайати вакилони Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини аввали вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Обидҷон Қудратов бо президенти Боғи миллии табиии "Абруссо" дар Италия Ҷанни Канната баргузор шуд.
Олимони иқлим ҳушдор додаанд, ки тобистони соли 2024 метавонад оид ба гармӣ ва намӣ рекордҳо гузорад. Пешгӯие, ки олимони донишгоҳи Калифорнияи Беркли таҳия кардаанд, як минтақаи васеъро дар баробари экватор, аз ҷумла Ҳиндустон ва қисми зиёди Африқо, Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Австралия, инчунин қисматҳои Иёлоти Муттаҳида фаро мегирад.
Ҳар сол 22 апрел на танҳо як иди бузург, балки дар ҳақиқат умумиҷаҳонӣ - Рӯзи байналмилалии Модар-Замин - рӯзи хонаи умумии бароҳати мо таҷлил мегардад.
20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии Замин таҷлил мешавад. Ин сана, ки ба рӯзи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз рост меояд, аз соли 1971 бо ташаббуси СММ таҷлил мешавад.
Дар майдони 11 377 гектари парвардахонаи "Ҷайрон"-и вилояти Бухоро қариб 5000 ноҳоли саксавул шинонда шуд.
Дар ҳошияи Конфронси 14-уми ҷонибҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷиратӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва вазири экология, ҳифзи муҳти зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ба вуқӯъ пайваст.
Дар доираи конфронси байналмилалии CMS COP14 дар Самарқанд мулоқоти Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода баргузор гардид.
Ӯзбекистон аз ҷиҳати истеъмоли об дар ҷаҳон ҷойи чорумро ишғол мекунад. Дар ин бора маълумотҳои Worldometers шаҳодат медиҳанд.
Нашрияи Bloomberg бо истинод ба маълумотҳои олимон хабар медиҳад, ки соли оянда 2024 метавонад гармтарин соли рӯи Замин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо шавад.
Боғи ҳайвоноти Тошканд ҳашт сокини нав дорад: се зебра, се бачаи жираф, паланги сафеди бенгалӣ ва шери сафед, ки аз Африқои Ҷанубӣ оварда шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти боғи ҳайвоноти пойтахт хабар додааст