Дар доираи сафари расмии Сарвари давлат, ки 8–9 июл ба
Беларус анҷом ёфт, созишҳои муҳиме ба даст омаданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба мувофиқа
расиданд, ки ҳаҷми савдои мутақобиларо то 2 миллиард доллари ИМА расонанд ва
310 лоиҳа ва чорабинии муштаракро ба маблағи умумии 2 миллиард доллар дар соҳаҳои
мошинсозӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ, коркарди чӯб ва тандурустӣ
амалӣ намоянд.
Сарвари давлат аҳамияти дар муҳлати кӯтоҳ амалан татбиқ
намудани созишномаҳо, ташкили корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, инчунин фароҳам
овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкориро таъкид намуд.
Барои ҷойгир намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Беларус
объектҳои саноатӣ ва моликияти давлатӣ пешниҳод гардида, инчунин майдонҳои
васеи кишоварзӣ мавҷуданд. Заминҳои кишоварзии ин кишвар 8 миллион гектар буда,
тақрибан 40 фоизи ҳудуди онро ташкил медиҳанд.
Ин имкониятҳо барои ташкили истеҳсолоти муштарак, рушди ҳамкории
аграрӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва бо тартиби муназзам ба кор таъмин
намудани шаҳрвандон заминаи устувор фароҳам меоранд.
Аз ҷумла, зарурати тартиб додани рӯйхати шаҳрвандон ва соҳибкороне,
ки мехоҳанд дар Беларус кор ё тиҷорат кунанд, ва фиристодани онҳо ба таври
муташаккилона ба кишвар, пас аз ҳамоҳангсозӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷойҳои корӣ,
шароити зиндагӣ ва ҷудо кардани биноҳо ва заминҳои зарурӣ барои лоиҳа бо ҷониби
Беларус қайд карда шуд.
Дар ҷараёни рӯнамо инчунин оид ба корҳои дар доираи ҳамкории
байни вилоятҳои Андиҷон ва Витебск анҷомёфта ҳисобот пешниҳод гардид.
Миёни ин ду минтақа «харитаи роҳ» тасдиқ шуда, татбиқи
ташаббусҳои мушаххас оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, 255 нафар сокинони вилояти Андиҷон
ба таври муташаккилона ба вилояти Витебск фиристода шуда, бо ҷойи кор таъмин
гардиданд.
Ҳамчунин, барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар заминаи 11 маҷмааи
чорводорӣ мувофиқа ҳосил шуд. Ҳар яке аз онҳо барои нигоҳдории аз 200 то 3 ҳазор
сар чорвои калони шохдор пешбинӣ гардида, дорои заминҳои кофии чарогоҳ ва хӯроки
чорво мебошад.
Бо иштироки ширкати «Андижон инвест» барои роҳандозии лоиҳаҳои
сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ дар заминаи як маҷмааи бузурги чорводорӣ ва осоишгоҳ
тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар вилояти Витебск ва дигар минтақаҳои
Беларус маҷмӯи 30 лоиҳаи нав ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллар дар соҳаҳои
чорводорӣ, коркарди чӯб, логистика, савдо ва хизматрасонӣ омода шудааст.
Аз ҷумла, бунёди маҷмааи бузурги ширӣ барои 3 ҳазор сар
чорвои калони шохдор, як қатор хоҷагиҳои миёнаи чорводорӣ, инчунин корхонаи
коркарди амиқи чӯб ва истеҳсоли пеллет аз партовҳои чӯб ба нақша гирифта
шудааст.
Президенти мамлакат супориш дод, ки модели ҳамкории байни
вилоятҳои Андиҷон ва Витебск ташаккулёфта ба дигар минтақаҳо низ татбиқ карда
шавад.
Аз ҷумла, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ, Намангон,
Тошканд, Фарғона, Самарқанд ва Сурхондарё бо вилоятҳои Витебск, Могилёв,
Гродно, Гомел ва Брести Беларус ҳамкорӣ хоҳанд кард. Барои ҳар як самт «харитаи
роҳ»-и алоҳида оид ба ташкили истеҳсолоти нав дар заминаи объектҳои саноатӣ ва
кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ таҳия ва тасдиқ
мегардад.
Ҳамчунин масъалаҳои ташкили инфрасохтори муосири логистикӣ
бо мақсади фаъолсозии савдои мутақобила ва коҳиш додани хароҷоти ҳамлу нақли
бор баррасӣ шуданд.
То охири сол дар истгоҳи Орша дар вилояти Витебск бо ҳамкории
Роҳи оҳани Беларус ба истифода додани як маркази логистикии интермодалӣ ба нақша
гирифта шудааст, ки он ба борҳои содиротӣ ва воридотӣ бо нархҳои имтиёзнок
хизмат мерасонад.
Илова бар ин, вазифа гузошта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо
ширкатҳои беларусӣ ҳаракати мустақими блок-қатораҳо байни ду кишвар ба роҳ
монда шавад.
Ба масъалаи бо тартиби муназзам бо ҷойи кор таъмин
намудани шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар марҳилаи аввал ба тариқи озмун 1 100 нафар шаҳрвандони
Ӯзбекистон дар 13 корхонаи вилояти Витебск ва дигар минтақаҳои Беларус ба кор қабул
карда мешаванд.
Аз моҳи сентябр сар карда, ҳар моҳ 500 нафар сокинони
вилояти Андиҷон бо ҷойи кори доимӣ дар вилояти Витебск таъмин мегарданд ва
шумораи умумии онҳо ба 5 ҳазор нафар мерасад. Барои ин дар шаҳри Витебск
намояндагии Агентии муҳоҷират ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ба соҳибкорон дар кушодани
суратҳисобҳои бонкӣ дар Беларус, интиқоли маблағ ба сармояи оинномавӣ ва ҷалби
манбаъҳои молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои онҳо мусоидат карда шавад.
Вазифа гузошта шуд, ки бо шартҳои имтиёзнок барои бунёди
маҷмааи муосири истеҳсоли шир, корхонаи коркарди чӯб ва ширкати логистикӣ дар
шаҳри Витебск маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҳар як созиши бадастомада
бояд дар шакли лоиҳаи мушаххас, корхонаи нав, ҳаҷми иловагии савдо ва таъсиси ҷойҳои
кори муносиб амалӣ гардад.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки аз болои татбиқи
созишҳои ҳосилшуда назорати мунтазам таъмин намуда, иҷрои «харитаҳои роҳ»-ро аз
нуқтаи назари танқидӣ таҳлил кунанд.