Технопарки кимиёву саноатии “Чирчиқ”, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, алҳол ҳамчун яке аз майдонҳои нави саноатии насли нав дар соҳа ташаккул ёфтааст.

Технопарки мазкур, ки дар доираи таъмини иҷрои қарори дахлдори Сарвари давлат аз 3 феврали соли 2022 бунёд гардидааст, барои коркарди амиқи маҳсулоти кимиёвӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ хидмат мекунад. Дар минтақа, ки дар маҷмӯъ 26,4 гектар масоҳат дорад, барои ташаккули шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ ва инфрасохтори муосир 25 миллион доллар маблағ равона шудааст.

Ҷолибияти сармоягузории технопаркро дар рақамҳои мушаххас низ метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла, соли 2025 ба маблағи 56 миллион доллар сармоя азхуд гардида, 758 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар давоми сол аз ҷониби корхонаҳо зиёда аз 150 намуди маҳсулот ба маблағи 60 миллион доллар истеҳсол гардид.

Нақшаҳои оянда низ бузурганд. То соли 2030 ба 207 миллион доллар расонидани ҳаҷми сармоягузорӣ, истеҳсоли маҳсулоти молӣ ба маблағи 294 миллион доллар, анҷом додани содирот ба маблағи 48 миллион доллар ва зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ то 2 ҳазору 300 адад пешбинӣ шудааст.

Дар идома ба Президент Шавкат Мирзиёев лоиҳаҳои илмиву амалӣ, ки ба фаъолияти технопарк, инчунин рушди саноати кимиё нигаронида шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Имрӯз истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар таъмини устувории бахши аграрӣ аҳамияти калон дорад. Гарчанд соле 3,7 миллион тонна нуриҳо истеҳсол мешавад, талабот ба нуриҳои фосфорӣ ва дар об ҳалшавандаи воридотӣ зарурати таҷдиди минбаъдаи соҳаро тақозо менамояд. Дар ин самт лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 2,8 миллиард доллар таҳия шудаанд.

Дар бахши нефту кимиё бошад, эҳтиёҷи дохилӣ ба полимерҳо пайваста меафзояд. То соли 2032 ба 3,2 миллион тонна расидани ин талабот пешгӯӣ мешавад. Татбиқсозии лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла “Истеҳсоли олефин аз ангишт” дар Ангрен ва “Коркарди нафта” дар Қӯнғирот, барои пурра қонеъ намудани ин талабот, ҷойгузиншавии маҳсулоти воридотӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар соҳаи кимиёи маишӣ низ корҳои бонизом амалӣ мешаванд. Ду баробар кам кардани ҳаҷми воридот тавассути лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҳисоби маҳсулоти маҳаллӣ то 64 фоиз расонидани истеъмоли дохилӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои содиротӣ дар назар аст.