Тибқи маълумоти пешакӣ, се нафар бедарак ҳисобида
мешаванд. Ба чор осебдида кумаки тиббӣ расонида, онҳо ба бемористон интиқол
дода шудаанд. Хидматҳои наҷот корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахширо идома медиҳанд.
Офати табиӣ ба зерсохтори манзилӣ низ зарар расонд: ҳадди
ақал 13 хона зарари ҷиддӣ дидаанд. Дар минтақа сатҳи сеюми ҳолати фавқулода аз
чор сатҳи имконпазир ҷорӣ шудааст.
Заминларза
шаби 18 май рух дод. Маркази он дар ноҳияи Лунани
шаҳри Лючжоу ҷойгир буда, манбаи
заминларза дар умқи тақрибан 8 километр қарор дошт. Аҳолии шаҳр аз 4 миллион
нафар зиёд аст, ки хавфи паёмадҳоро бештар мекунад.
Қаблан
низ дар минтақа дар бораи таконҳои шадиди зеризаминӣ дар Ҷопон хабар дода шуда буд, ки дар он ҷо
эвакуатсияи густарда анҷом ёфт, аммо пеши роҳи талафоти ҷиддӣ
гирифта шуд.